Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзҳои фарҳангии Украина дар Тоҷикистон ба таъхир афтод


Имрӯз сухангӯи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, рӯйдодҳои ахири Хоруғ боис шудааст, ки рӯзҳои фарҳангии Украина дар Тоҷикистон ба рӯзҳои дигар ба таъхир афтад.

Ин манбаъ гуфт, ки тибқи барнома мебоист аз 1 то 8 август рӯзҳои фарҳангии Укроин баргузор мешуд.

Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Тоикистон рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Украина дар моҳи май барномарезӣ шуда буд, аммо ҷониби Украина бо назардошти мусобиқоти футболи барои ҷоми Аврупо ташрифи аҳли фарҳанги Тоҷикистонро ба вақти дигар гузошта буд.
XS
SM
MD
LG