Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайдо шудани афроди бедаракшуда дар Хоруғ


Ду нафар аз сокини Хоруғ, ки дар ҳодисаҳои ахир гумном шуданд, ёфт шудаанд.

Гурӯҳи кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи Бадахшон дар ҷараёни ҷустҷӯи афроди бедарак дар нооромиҳои Хоруғ ду нафаро пайдо кардаанд.

Як нафар аз кормандони ин ситод рӯзи 2 август ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин ду нафар сиҳату саломат буда дар шабу рӯзи амалиёти низомии ниҳодҳои қудратӣ дар хонаҳои хешовандонашон паноҳ бурда буданд ва ҳоло онҳо ба назди пайвандонашон баргаштанд.

Ин манбаъ мегӯяд, як сокини дигари ин шаҳр Шерик Карамхудоев, ки раиси Бахши шаҳрии ҳизби Наҳзати исломӣ дар Хоруғ будааст, ҳанӯз ёфт нашудааст ва пайвандонаш низ таи ин чанд рӯз бо вуҷуди ҷустҷӯҳои зиёд ӯро пайдо накардаанд.

Зимнан, мутахассисони ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи Бадахшон ҷустуҷӯи афроди бенишонро дар дарёи Ғунд низ идома додаанд.

Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, шоҳидон дидаанд, ки дар рӯзҳои ҷараёни амалиёт як афсари ОМОН дар ин дарё ғарқ шудааст. Вай гуфт, ҷустуҷӯи афроди дигари бедаракшуда идома меёбад.
XS
SM
MD
LG