Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Госпожа Алла" беш аз 100 кило бангдонаро кашф кард.


Саги бӯйгир бо лақаби "Алла" дар наздикии деҳаи Кишти ноҳияи марзии Шӯробод, ҷануби Тоҷикистон аз як пинҳонгоҳ халтаҳои бангдона (маводи мухаддир)-ро кашф кард, ки ҳаҷми умумии онҳо ба 101 кило баробар будааст.

Саъдулло Раҳматуллоев, масъули дафтари матбуоти Оҷонсии зидди маводи мухаддири назди раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дар ҷои ҳодиса барои маълум кардани шахсони дастандор корҳои тафтишотӣ идома дорад ва дар назар аст, барои ошкор кардани гурӯҳи қочоқбар кормандони вазорати умури дохилии Афғонистон ҷалб карда шаванд.

Ба қавли вай, дар ин махфигоҳ 7 халтаи бангдона ба мақсади қочоқ ва ворид намудан ба дохилтари Тоҷикистон аз пеш пинҳон карда шудааст, вақте ки "Алла" саги бӯйгири ҷустуҷӯии ҷои пинҳонгоҳҳро пайдо кард дар онҷо касе набуд ва пинҳонгоҳ дар миёни ду деҳа, рустои Кишт ва Даштиҷум қарор дорад.

Саъдулло Раҳматуллоев меафзояд, ин махфигоҳ доимӣ буда, фазои он нишон медиҳад, ки ҳамеша ҳамчун пинҳонгоҳ истифода мешудааст. Ба гуфтаи вай, ҳоло кормандони фаврии Оҷонсӣ, дар доираи марҳилаи дуввуми амалиёти «Кӯкнор 2012» корҳои ҷустуҷӯӣ мебаранд.
XS
SM
MD
LG