Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои маргталабона дар Кобул


Имшаб нерӯҳои амниятии Афғонистон аз ҳамлаи густурдаи гурӯҳи маргталабҳо ҷилавгирӣ карданд. Як мақоми амниятӣ ба хабаргузории France Presse гуфтааст, ки дасти кам ҳафт маргталаб бо маводи тарканда мехостанд яке аз биноҳои баландошёнаи Кобулро тасарруф кунанд.

Нерӯҳои амниятӣ аз ҳадафи онҳо огаҳ шуда хостанд манзилеро, ки он ҷо ифротгароҳо қарор доштанд, таҳти назорат бигиранд. Дар тирандозӣ дасти кам 5 нафар аз ҷангҷӯён кушта шуданд.

15 апрели соли равон ҷангҷӯён се бинои бисёрошёнаи нимабунёдро забт карда аз он ҷо сӯи биноҳои идорӣ оташ кушоданд. Он вақт дар тарпарронӣ беш аз 50 нафар, аз ҷумла, беш аз 30 мусаллаҳи мухолифи ҳукумат ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG