Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамрини низомии Туркия дар наздикиҳои марзи Сурия


Артиши Туркия дар наздикиҳои марзи Сурия тамрини низомии тонкиро баргузор кард.

Хабаргузории Anatolia иттилоъ дод, ки дар ин машқҳо дар минтақаи Нусайбини вилояти Мардин, воқеъ дар 2 километрии шаҳри Кимишлии Сурия, 25 тонк ширкат дошт.

Анқара аз хабарҳо дар бораи он ки мусаллаҳони Ҳизби коргари Курдистон манотиқи курднишини шимоли Сурияро таҳти назорат гирифтаанд, сахт нороҳат ва нигарон аст.

Туркия, кишвари узви НАТО, ҳушдор дод, ки ҳама гуна ҳузури Ҳизби коргари Курдистон дар шимоли Сурия метавонад боис ба вуруди низомиёни кишвар ба он минтақа шавад.
XS
SM
MD
LG