Пайвандҳои дастрасӣ

Ташкили ҳукумати нави Миср анҷом ёфтааст


Раисиҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ ва нахуствазир Ҳишом Қандил

Раисиҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ ва нахуствазир Ҳишом Қандил

Ҳишом Қандил, нахуствазири Миср, ташкили ҳукумати навро анҷом додааст. Дар ин бора худи вазирон баъд аз мулоқот бо нахуствазир ба шабакаи телевизионии Nile News хабар доданд. Гуфта мешавад, ки вазири умури хориҷӣ ва вазири молия курсиҳои худро дар ҳукумати нав ҳифз кардаанд.

Қандил ҳафтаи гузашта нахуствазири Миср таъин шуд. Ба навиштаи хабаргузории Reuters ҳукумати нав бояд барои эҳёи иқтисоди Миср, ки дар якуним соли бесуботиҳо гирифтори бӯҳрони шадид шудааст, чораҳои оҷил андешад.
XS
SM
MD
LG