Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Яҳудиҳои ортодокс ҳам ба аскарӣ мераванд


Ҳазорон яҳудиҳои ортодокс дар Исроил аз ин баъд ба хизмати ҳатмии низомӣ сафарбар хоҳанд шуд.

Моҳи феврали соли равон Додгоҳи олии Исроил эълом дошт, қонуне, ки тибқи он ҷавонон аз хонаводаҳои яҳудиҳои ортодокс аз хизмати ҳарбӣ озод мешаванд, мухолифи Қонуни асосии кишвар аст ва он бояд то охири моҳи июл бознигарӣ шавад.

Парлумон то ин мӯҳлат ба таҳияи қонуни алтернативӣ муваффақ нашуд, аз ин рӯ қонуне аз соли 1949 мавриди истифода қарор гирифт, ки бар пояи он ҳама шаҳрвандони синнашон ба 18 расида бояд ба хизмати ҳатмии низомӣ фаро гирифта шаванд.

Эҳуд Барак, вазири дифои Исроил, ба зердастонаш барои таҳияи тавсияҳои амалӣ оид ба татбиқи қонун як моҳ фурсат дод.

Аз ин пеш дар Исроил намоишҳо бо талаби барои ҳама ҳатмӣ шудани хизмати ҳарбӣ баргузор шуданд.
XS
SM
MD
LG