Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бӯҳрони орд ахиран домони Тоҷикистонро ҳам гирифта, дӯконҳои ду ҳафта пеш пур аз орди навъҳои гуногунро холӣ кард.

Дар ҳоли ҳозир аксар дӯкону анборҳои ордфурӯшии Душанбе тақрибан холист. Танҳо дар баъзе аз дӯконҳо ордҳои маҳаллӣ ба фурӯш гузошта шудааст, қиматаш аз 110 сомонӣ болост ва сокинон аз сифати пасти он шикоят доранд. Нархи орди босифати қазоқӣ бошад, аз 105-110 сомонии қаблӣ то 145 сомонӣ боло рафта ва хеле камчин шудааст.

Зӯҳробибӣ Неъматова, як сокини Душанбе, ки ба мушкили дарёфти орд рӯбарӯ шудааст, гуфт: "Масъалаи орд дар мо хеле бад аст. На дар мағозаҳо орд аст, на дар бозорҳо. Ду рӯз боз саргардонам. Ба фикрам, ягон ҷо намонд, ки орд накофта бошам."

Тоҷирони орд мегӯянд, иллати камчинӣ ва гароншавии якбораи орд дар бозорҳои кишвар адами воридот ва афзоиши нархи ғалла дар кишварҳои тавлидкунандаи он, ба мисли Қазоқистону Русия аст. Бахтиёр Шукуров, тоҷири дӯкони орд: "Ҳозир воридоти орд тақрибан нест. Ордҳои маҳаллии худамон, аз Нову Колхозободро бо нархи 110 сомонӣ мефурӯшем. Орди Қазоқистон гарон шудааст, мардум харида наметавонад, то 140 сомонӣ боло рафтаааст."

Ин танҳо орд нест, ки бо шурӯи моҳи шарифи Рамазон қимати он боло рафтааст. Тӯли бештар аз як ҳафтаи ахир, ки ба оғози моҳи мубораки Рамазон рост меояд, дар бозорҳои Тоҷикистон арзиши аксар маҳсулоти ниёзи аввалия ба маротиб боло рафт. Таври маълум, ин як ҳодисаи маъмул аст, ки тоҷирон дар Тоҷикистон мисле, ки фурсатпоӣ доштанд, бо шурӯи ин моҳ нархи маҳсулоти серхаридро боло бурданд.



Дар зимн, мақомоти маҳаллӣ, аз ҷумла шаҳрдории Душанбе иҷборан бо қарори худ нархҳои муайяни маҳсулотро муқаррар кард. Ҳоло дар бозорҳо нозирон, аз ҷумлаи мақомоти интизомиро гузоштаанд, ки аз болои нархҳо назорат мекунанд. Ҳамчунин намояндагони ҳукумат ҳар рӯз ба раиси шаҳри Душанбе аз нархи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳои пойтахт гузориш медиҳанд.

Асомиддин Ризоев, раиси бозори "Шоҳмансур"-и Душанбе мегӯяд, "шаҳрдорӣ ҳар рӯз дар бозори мо 10-15 тонна орди навъи якуми қазоқиро аз тариқи ширкати "Ҷасур" бо нархи 110 сомонӣ мефурӯшад. Ҳамчунин дар моҳи шарифи Рамазон шаҳрдорӣ бо қарори худ нархи маҳсулоти серхариди ниёзи аввалияро муайян кард, ки дар қаламрави пойтахт барои риоя шудани ин нархи маҳсулот назорат бурда мешавад."

Мардуми Тоҷикистон дар сол ба ҳудуди якуним миллион тонна орд ниёз дорад. Дар ҳоле ки соли гузашта дар кишвар каме бештар аз 600 ҳазор тонна ғалла тавлид карда шуд ва наздики 800 ҳазор тонна орду ғалла ворид гардидааст. 90 дарсади воридоти ғаллаву орд ба Тоҷикистон аз Қазоқистон аст ва 10 дарсад ҳам аз Русия.

Аммо ба ҳар сурат, замони ҳузури мо дар бозори "Шоҳмансур"-и Душанбе бар изофаи дӯконҳои тиҷорати маҳсулоти кишоварзӣ, дӯконҳои сайёр ё мошинҳо лаболаби маҳсулот ва бо қиматҳои муайянкардаи шаҳрдорӣ маҳсулоти ниёзи аввалияро ба фурӯш гузошта буданд. Ин аз ҷумлаи иқдомоти мақомоти раёсати ин бозор буд, ки мустақиман маҳсолотро аз тавлидкунандагон бе миёнрав харида ва вориди бозор карда буданд. Маъмурияти бозори "Шоҳмансур" дар сӯҳбат ба мо гуфт, ин теъдод тоҷирони тавлидкунанда аз ҳаққи пардохтҳои хизматрасониҳои бозор озод ҳастанд.

Аммо ҳоло ин суол посух мехоҳад, ки дар ҳоле ҳамасола дар тамоми ҷаҳон нархи маҳсулот боло меравад ва бархе аз кишварҳо ба хушксолии шадид рӯбарӯ ҳастанд, ин иқдоми мақомот дар танзими нархи маҳсулот дар бозорҳои кишвар муассир хоҳад буд, ё на.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG