Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳодисаҳои Хоруғ сайёҳонро "гурезонд"


Ширкатҳои ҷаҳонгардии Тоҷикистон мегӯянд, чанд гурӯҳи сайёҳон зери таъсири хабарҳои як ҳафтаи охири Хоруғ, аз сафар ба вилояти Бадахшон даст кашиданд.

Шагарфи Муллоабдул, раҳбари ширкати ҷаҳонгардии «Помир Силк Травел» ба «Озодӣ» гуфт, шартномаҳои зиёди ин ширкат ҳоло зери хатаранд: «Ширкати мо ҳамин рӯз бояд ду гурӯҳи ҷаҳонгардонро аз тариқи Қирғизистон истиқбол мекард, вале мутаассифона рӯзи 25 июл онҳо барои мо навиштанд, ки омадани худро ба ин ҷо лағв карданд. Дар ин моҳ низ мо бо ширкатҳои ҳамкор дар гуфтушунид ҳастем ва мехоҳем онҳоро итиминон бидиҳем, ки вазъи Хоруғ ором аст. Вале ҳамаи сафоратҳои хориҷӣ дар вебсайтҳои худ навиштаанд, ки шаҳрвандонашон аз сафар ба Бадахшон дар ин моҳҳо худдорӣ кунанд. Ва ин албатта роҳи моро мебандад.»

Худдории ҷаҳонгардони хориҷӣ аз сафар ба Бадахшон дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки наздик ба 80 дарсади сайёҳонро маҳз ҳамин минтақаи Тоҷикистон ба худ ҷалб мекунад. Соли гузашта ширкати ҷаҳонгардии «Помир Силк Травел» сафари 14 ҷаҳонгардро ба Помир баргузор кардааст. Ба гуфтаи ҷаноби Муллоабдул, ду ҷаҳонгарди хориҷӣ ҳангоми даргириҳо дар Хоруғ буданд ва маҷбур шуданд, пеш аз мӯҳлат бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ ба Душанбе баргарданд.

Ба сурати умум, дар рӯзи амалиёти низомӣ дар маркази маъмурии Бадахшон наздик ба 100 нафар аз ҷаҳонгардони хориҷӣ дар он гирду атроф буданд, ки ҳамагӣ ба Душанбе кӯч дода шуданд. Дилшод Каримов, раҳбари ширкати ҷаҳонгардии «Сайру саёҳати куҳӣ» гуфт, дар миёни онҳо 5 саёҳи ширкати онҳо низ буд. Ба таъкиди ҷаноби Каримов, хабари нооромиҳо дар Хоруғ барномаҳои сафари саёҳони ин ширкатро ба ҳам зад. Ӯ аз ҷумла афзуд, «албатта ин ҳаводис таъсири худро ба кори мо гузошт. Гурӯҳи саёҳони мо, ки бояд аз Амрико 3-юми август ба Бадахшон мерафтанд, аз ин сафар даст кашиданд. Онҳо чунин тасмимро баъд аз шунидани хабарҳо дар мавриди ҳодисаҳои Хоруғро гирифтанд. Ва мо намедонем, ки ин раванд то кай идома хоҳад кард.»

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Давлат Ҳабибов, раиси Анҷумани рушди саноати саёҳии Тоҷикистон, соли гузашта аз 180 ҳазор сайёҳи хориҷӣ, ки ба Тоҷикистон омаданд, 12 ҳазор нафарашон аз Бадахшон дидан кардаанд. Гузашта аз ин 60 ширкати ҷаҳонгардие, ки дар кишвар фаъолият мекунад, асосан ба ҷаҳониён хатсайрҳои сафар ба вилояти Бадахшон ва водии Зарафшонро пешниҳод мекунанд.

Ҷаноби Ҳабибов афзуд, «дар ҳисоби миёна ҳар сайёҳ ҳангоми сафар ба Тоҷикистон дар дохили кишвар ҳудуди 500 доллар сарф мекунад, ки ин фоидаи хубест ҳам ба буҷаи маҳаллӣ ва ҳам ба буҷаи Тоҷикистон. Ва то имрӯз аз он саёҳоне, ки ин шабу рӯз дар Хоруғ қарор доштанд ва саёҳаташон дар ин минтақа нотамом монд, ягон шикояту ариза оиди бозпас гардонидани маблағи хароҷотҳо ҳангоми иҷро нагардидани шартномаи туристӣ ба мо ворид нагаштааст. Қисме аз ин саёҳон гуфтанд, ки шояд чанд сол баъд ба Бадахшон сафар анҷом хоҳанд дод ва ин вазъияти ба амал омадаро чун «форсмажор» қабул карданд.»

Бо ин ҳама Давлат Ҳабибов таъкид мекунад, ки минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон тибқи барномаҳои вижа дар ҳоли табдил ба як нуқтаҳои саёҳиву ҷаҳонгардӣ буд, аммо ҳодисае, ки дар Хоруғ рух дод, то андозае ин барномаро халалдор кард.

Давлат Ҳабибов гуфт, барои нишон додани симои мусбат аз кишвар ва ҷалби ҷаҳонгардон ба Тоҷикистон, чандин сол кори зиёд ва сахте анҷом дода шуд, ки бо як рӯйдоди нохуш барҳам дода шуд ва акнун боз чандин соли дигар лозим аст, ки ҷаҳонгардон рӯ ба Бадахшон оранд.
XS
SM
MD
LG