Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии сафорати Амрико аз бастани сомонаҳо


Сафорати Амрико бо пахши як изҳорот аз маҳдуд шудани дастрасӣ ба чанд сомонаи хабарӣ ва Youtube дар Тоҷикистон изҳори нигаронии ҷиддӣ карда, гуфт, Амрико аз озодии баён дар тамоми ҷаҳон пуштибонӣ мекунад. Имрӯз дар Тоҷикистон дастрасӣ боз ба 2 сомонаи хабаргузории русии РИА-Новости ва хабаргузории мустақили маҳаллии “Азия Плюс” масдуд шуд. Тайи 10 рӯзи нооромиҳои Хоруғ танҳо сомонаи «Азия – плюс» ду дафъа маҳдуд шуда, дастрасӣ ба чандин сомонаи дигар, аз ҷумла сайти русии ББС ва чанд сомонаи дигари Русия ва ҳам ба сомонаҳои «Озодагон», Tojnews ва ҳатто ба Youtube паиҳам масдуд шуд, ки ба шеваи инъикоси буҳрони Хоруғ дар ин расонаҳо рабташ медиҳанд.
XS
SM
MD
LG