Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Гурҷистон 1 октябр доир хоҳад шуд


Манана Манҷаладзе
Манана Манҷаладзе
Интихоботи парлумонии Гурҷистон ба рӯзи 1 октябр таъйин шуд. Манана Манҷаладзе - сухангӯи раиси ин ҷумҳурӣ гуфт, ки Михаил Саакашвилӣ бо таъйини рӯзи раъйгирӣ изҳори умед кард, ки ин маърака озоду одилона хоҳад гузашт. Интизор меравад, дар интихобот эътилофи Орзуи Гурҷистон, ки сармоядор Бидзина Иванишвилӣ таъсис додааст, бо ҳизби ҳокими Ҷунбиши миллии Саакашвилӣ вориди рақобат шавад. Иванишвилӣ қасд дорад, соли оянда, ки Саакашвилӣ ҳарду давраи раёсаташро анҷом хоҳад дод, дар интихоботи президентӣ низ ширкат кунад.
XS
SM
MD
LG