Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии Амрико аз басташавии сайтҳо дар Тоҷикистон


Бинои сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон

Бинои сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон

Сафорати Амрико аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, дастрасӣ ба сайтҳои масдудшударо барқарор кунад.

Сафорати Амрико дар Душанбе аз маҳдудияти дастрасӣ ба чанде аз торнамоҳои хабарӣ ва ҳам шабакаи Youtube дар Тоҷикистон изҳори нигаронии амиқ кардааст.

Ин сафорат рӯзи якуми август бо нашри баёнияе гуфт, дастнорас шудани чанде аз сайтҳои хабарӣ озодии баён ва озодии интихоби шаҳрвандон барои дарёфти иттилоъро маҳдуд мекунад. Дар ин баёния мехонем, "ҳуқуқи ҳар як фард ба изҳори озодонаи нуқтаи назари худ, чӣ дар майдони оммавӣ ё чӣ дар интернет, умумибашарист. Мо озодии сухани мардумро дар ҳама ҷо ҳимоят ва кишварҳои дигарро низ ба он даъват мекунем."

Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе дар идомаи изҳороти рӯзи чаҳоршанбеи худ навиштааст, "ҳангоми маҳдуд гардидани ибрози ақида, аз байн бурданимаълумот, қатъ гардидани мусоҳибаҳо ва маҳдудшавии интихоби одамон ҷараёни озодии иттилоот маҳдуд шуда, арзиши интернет барои одамон коҳиш меёбад."

Мақомоти сафорати Амрико аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардаанд, ки ҳуқуқи ҳар фард ба озодии баёнро эҳтиром гузошта, торнамоҳои басташударо дубора фаъол созад. Ин изҳороти сафорати Амрико дар ҳоле ба нашр расида, ки субҳи рӯзи чаҳоршанбе, 1-уми август, дастрасӣ ба торнамои "Азия-Плюс" дигарбора маҳдуд шуд.

Масъулони торнамои "Азия Плюс" мегӯянд, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дубора аз ҳамаи ширкатҳои интернетрасон қатъи дастрасӣ ба сайти news.tj аз 1-уми августро тақозо кардааст. Зебо Тоҷибоева, сардабири ин торнамои ба "Озодӣ" гуфт, агар рӯзи 24-уми июл шеваи инъикоси рӯйдодҳои Бадахшон баҳонаи маҳдуд кардани дастрасӣ ба сайти онҳо буд, ин бор Хадамоти алоқа далели тасмимашро шарҳ надодааст.

Дар 10 рӯзи охир танҳо торнамои "Азия-Плюс" ду дафъа маҳдуд шуда, дастрасӣ ба чандин торнамоҳои дигар, аз ҷумла Вести, Би-би-сӣ, "Озодагон", Памир-Вести ва Youtube дар Тоҷикистон пайиҳам масдуд шуд, ки дар матбуот ба бӯҳрони Хоруғ ва шеваи инъикоси он ҳаводис рабти мустақимаш медиҳанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG