Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати умури хориҷии Амрико дар гузориши тозаи худ навишт, ки Тоҷикистон тавони мубориза бо терроризмро дорад.

Тоҷикистон дар соли 2011-ум камбудиҳои стратегияи муқовимат ба терроризмро бартараф намуда нишон дод, ки тавоноии мубориза бо онро дорад. Ин аст хулосаи гузориши солонаи департаменти давлатӣ ё худ вазорати корҳои хориҷии ИМА, ки охири моҳи гузашта ба табъ расидааст.

Муаллифони гузориш навиштаанд, ки сиёсати зиддитероризми Тоҷикистон барканор намудани гурӯҳҳои ифротии исломӣ ва афзоиши имконоти ниҳодҳои қудратӣ будааст, ки тавассути барномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кӯмак, амалӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, гузориш хотирнишон кардааст, ки баъзан ҳукумати Тоҷикистон бар муқобили ибодати осоиштаи мардуми диндор иқдом намуда, ба поймол намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ва аз ҷумла озодии дину иттиҳодияҳо роҳ додааст.

Департаменти давлатии ИМА дар гузориши солонааш навиштааст, ки соли гузашта бар пояи қонуни мубориза бо терроризм дар Тоҷикистон чандин амалиёти бомуваффақияти таъқиби шаръии хилофкорон сурат гирифт, вале низоми адлияи фосид ва сӯиистифода аз қонун дар таъқиби мухолифини сиёсӣ, таъсири кӯшишҳои зиддитеррористии ҳукуматро коҳиш додааст.

Моҳи январи соли 2011-ум нерӯҳои ҳукуматӣ Аловуддин Давлатов маъруф бо номи Алии Бедакӣ ва гурӯҳи пайравонашро дастгир намуданд. Расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон иттилоъ додаанд, ки баъдан Алии Бедакӣ аз дасти нерӯҳои ҳукуматӣ кушта шуд.

Дар моҳи апрел бошад, нерӯҳои ҳукуматӣ Абдулло Раҳимов ва гурӯҳи тарафдоронашро маҳв намуданд. Ҳукумати Тоҷикистон гурӯҳҳои силоҳбадасти Алии Бедакӣ ва Мулло Абдуллоро масъули куштори беш аз 25 сарбози ҳукуматӣ дар дараи Камаров дар моҳи сентябри соли 2010-ум мешуморад.

Дар идомаи гузориш вазорати корҳои хориҷии ИМА пешрафт дар таъмини амнияти марзҳои Тоҷикистонро хотирнишон намуда, ҳамзамон бо он таъкид кардааст, ки сарфи назар аз кӯмакҳо, ҳанӯз ҳам назорати муассири марзи Тоҷикистон бо Афғонистон фаротар аз имконоти ҳукумати Тоҷикистон аст.

Муаллифони гузориш менависанд, ки Тоҷикистон узви созмони ФАТФ (Financial Action Task Force), яъне гурӯҳи Авро-Осиёии мубориза бо шустушӯи пул ва сармоягузории терроризм мебошад, вале то ҳанӯз қонунҳои ин ҷумҳурӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нестанд. Як мақоми баландпояи тоҷик, ки нахост номаш зикр гардад, тасдиқ кард, ки аз ин камбудиҳо огаҳ аст. Ӯ афзуд, сухан дар бораи қонуни манъи шустушӯи пул меравад.

Ба қавли ҳамин манбаъ, мубориза бо шустушӯи пули аз роҳи ҷиноӣ дастрас шуда ва манъи гардиши пуле, ки дар сармоягузории терроризм истифода мешавад, ба таври саросарӣ ҳамагӣ чор сол пеш шурӯъ шудааст ва ҳатто дар баъзе кишварҳои ғарбӣ ҳам лоиҳаи ин қонун то ҳол мавриди арзёбӣ қарор дорад.

Ӯ таъкид кард, дар ҳамкорӣ бо ҳайати коршиносони созмони ФАТФ (Financial Action Task Force), ки соли гузашта ба Тоҷикистон омада буданд, мақомоти мақомоти ҷумҳурӣ ба ин қонун тағйиру илова омода карданд ва моҳи июни соли равон Тоҷикистон онро тасвиб кард. Мансабдори тоҷик илова кард, ки моҳи сентябр ва ё октябр дар ҷаласаи гурӯҳи минтақавии мубориза бо шустушӯи пул кишварҳои аъзо ва аз ҷумла вазорати молияи ИМА бо мӯҳтавои он ошно мешаванд.

Дар гузориши департаменти давлатии ИМА таъкид шудааст, ки фаъолияти гурӯҳи иктишоф ё худ разведкаи молии Тоҷикистон нокифоя аст. Ҳамсӯҳбати мо гуфт, ҳукумати Тоҷикистон аз ин камбудиҳо огаҳ аст. Ӯ афзуд, ки гурӯҳи назорат ё худ разведкаи молӣ соли 2010-ум ташкил шудааст, вале то кунун ба шабакаи ягонаи ҷаҳонӣ пайваст нест.

Дар айни замон ин манбаъ илова кард, ки Тоҷикистон бо СММ ба мувофиқат расидааст, ки бо кӯмаки ин муассисаи байналмилалӣ ба шабакаи ҷаҳонӣ ҳамроҳ шавад. Ба қавли ҳамсӯҳбати мо ба эҳтмиоли зиёд ин талошҳо низ то моҳи октябр такмил мешаванду дар ҷаласаи созмони ФАТФ (Financial Action Task Force), ҷумҳурӣ дар ин бора низ гузориш медиҳад.

Дар поёни гузориши солонаи департаменти давлатии ИМА дар бораи терроризм дар соли 2011-ум гуфта мешавад, ки Тоҷикистон дар чорчӯби Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва ниҳодҳои давлатии ИМА дар тамринҳои мухталифи муқовимат ба ифротгароӣ ва танзими ҳамкориҳои ниҳодҳои қудратӣ бо аҳолии мулкӣ иштирок кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG