Пайвандҳои дастрасӣ

Эъзоми сарбозони тоҷик ба размоиши "Рубеж-2012"


Имрӯз беш аз 150 афсару аскари ротаи кӯҳгарди нирӯҳои зудамал ва гурӯҳҳои фаврии артиши Тоҷикистон барои ширкат дар размоиши “Рубеж-2012” ба Русия рафтанд. Ин машқи кишварҳои узви созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ аз 2 то 10 август дар тамрингоҳи Чебаркӯли ҳавзаи низомии Урал доир хоҳад шуд. Ин паймони амниятӣ 7 кишвари шӯравии собиқро зери меҳвари Маскав муттаҳид мекунад, вале Узбакистон ахиран ба сурати якҷониба узвияташ дар ин эътилофро боздошт.
XS
SM
MD
LG