Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бархӯрди Тошканд бо Душанбе шадидтар хоҳад шуд?


Бинои вазорати умури хориҷии Узбакистон.

Бинои вазорати умури хориҷии Узбакистон.

"Ин консепсияи сиёсати хориҷии Узбакистон асосан алайҳи манофеи Тоҷикистон кор хоҳанд кард",-мегӯяд коршинос.

Узбакистон барои бори аввал соҳиби Консепсияи сиёсати хориҷӣ шуд. Ин санад аз сӯи маҷлиси поёнии парлумон тасвиб шуда, акнун барои тасвиби ниҳоӣ ба Сенат ироа шудааст.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, консепсияи ҷадид Узбакистонро дар масири инзивоъгароии бештар қарор дода, мавзеъгирии бе он ҳам тундаш дар қиболи масоили доғи минтақавие, чун мушкилоти обу энержиро боз ҳам шадидтар мекунад. Тошканд дар ин санад ҳамчунин таъкид мекунад, ки аз ҳар созмони минтақавӣ ё байналмилалие, ки табиати низомӣ касб мекунад, хориҷ хоҳад шуд.

Ба ҳар сурат, ин барои нахустин бор аст, ки Узбакистон паҳлӯҳои муҳими сиёсати хориҷиашро дар як консепсия хулоса мекунад. Масоили сиёсати хориҷии Тошканд қаблан тавассути қонуни принсипҳои сиёсати хориҷӣ танзим мешуд.

Барои шарҳи нукоти муҳими Консепсияи нави сиёсати хориҷии Узбакистон мо таҳлилгари узбак Камолиддин Рабимовро даъват кардем ва аз ӯ мепурсам, ки ин санад чӣ тағйироти муҳиме дар сиёсати хориҷии Тошканд хоҳад овард?

Рабимов: “Парлумон ин консепсияро хеле зуд, дар муддати як ё ду рӯз омода ва тасвиб кард. Хеле чизҳои нав дорад ин санад. Ва як навигариаш, ки ба Тоҷикистон ҳам рабт мегирад, бори аввал ворид кардани мафҳуми “амнияти экологӣ”-ст ва бино бар ин консепсия, Узбакистон ба хотири таъмини амнияташ бояд аз манфиатҳои экологии худ низ дифоъ кунад. Ҳамчунин дар ин санад дар посух ба ҳамаи шоеъоти мавҷуда таъкид шудааст, ки дар қаламрави Узбакистон пойгоҳи низомии ягон кишвари дигар сохта нахоҳад шуд. Нуктаи дигари муҳим ин аст, ки агар ягон созмони байналмилалие, ки Узбакистон узваш аст, табиати низомӣ бигирад ё ба эътилофи низомӣ табдил шавад, Тошканд метавонад билофосила тарки он кунад. Ба назари ман, ин як ишораи рӯшан ба тарафи Созмони ҳамкориҳои Шанхай аст.

Радиои Озодӣ: Ин консепсия узвияти Узбакистон ҳатто дар паймонҳои иқтисодие, назири ЕврАзЭС ё Иттиҳоди гумрукиро ҳам ба манофеъи миллиаш сахт вобаста мекунад ва баъид нест, баҳонаи хуруҷи Тошканд аз ин ду ва дигар паймонҳои пасошӯравӣ шавад. Оё метавон гуфт, ки консепсияи ҷадиди сиёсати хориҷиаш Узбакистонро дар масири инзивоъгароии бештар қарор медиҳад?

Рабимов: Аз як тараф, ин инзивоъгароист ва аз тарафи дигар, як навъ худкифоии бештар дар сиёсати хориҷӣ. Яъне ман худ медонам, ки чӣ мехоҳам ва касе ба ман роҳ нишон надиҳад. Вале дар ин санад боз як нуктаи муҳим ҳаст, ки мегӯяд, Узбакистон дар ягон амалиёти ҳимоят аз сулҳ дар хориҷ ширкат нахоҳад кард. Дар ошӯбҳои ду сол пеши Ӯшу Ҷалолобод аз Тошканд даъват мешуд, ки нирӯҳояшро дарорад. Акнун давлат бар пояи қонун посух медиҳад, ки Узбакистон дар ҳеҷ ҳолат вориди амалиёти низомӣ дар хориҷ нахоҳад шуд. Вале қарори маълум, ба хотири манфиатҳои сиёсӣ ин нуктаро ҳам дар сурати пеш омадани зарурат метавон ба таври мухталиф тафсир кард.

Радиои Озодӣ: Аммо дар масоили обу барқ – ду мавзӯъи аслии баҳсу танишҳои мудавоми Тошканду Душанбе – чӣ чизе дар консепсияи нав тағйир хӯрдааст?

Рабимов: Дар ин санад дақиқан таъкид шудааст, ки ба хотири амнияти дохиливу берунааш Узбакистон бояд дар масъалаи тақсими об сиёсати қотеъеро дунбол кунад. Ишораи рӯшане ба Тоҷикистон ҳам дорад, ки Тошканд паймонҳои сершумори байналмилалӣ дар мавзӯъи обро тасвиб кард, вале Душанбе дар ин амр чандон шитоб надорад. Агар танишҳо бо Тоҷикистон то ҳол асосан бо ибтикори президент Ислом Каримов буд, ҳоло дигар заминаи ҳуқуқӣ пайдо мекунад. Ҳам дар ин консепсия ва ҳам тавассути Ҷунбиши экологӣ, ки билофосила соҳиби 15 курсии парлумон шуд. Ҳам Ҷунбиши экологӣ ва ҳам ин консепсияи сиёсати хориҷии Узбакистон асосан алайҳи Тоҷикистон ва алайҳи манфиатҳои Тоҷикистон кор хоҳанд кард.

Радиои Озодӣ: Яъне бархӯрди Тошканд бо Душанбе боз ҳам шадидтар хоҳад шуд?

Рабимов: Бидуни шак. Як бахши алоҳидаи ин консепсия марбути экология аст ва амнияти экологӣ дар пайкари сиёсати хориҷии Узбакистон мунъакис мешавад. Ин чиз ҳаст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG