Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳосираи ҳазорон тан дар шаҳри Ҳалаби Сурия


Дар шаҳри Ҳалаби Сурия ҳазорон нафар аз мардуми осоишта дар муҳосира қарор доранд.

Ба иттилои комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон, ин афрод аз имкони тарки шаҳр маҳруманд. Масъулини ин ниҳод бо такя ба гуфтаҳои шоҳидон хабар доданд, дар Ҳалаб захираи озуқа ва газ, ки мардум бо он таом таҳия мекунанд, ба поён мерасад.

То имрӯз шаҳрро тақрибан 200 ҳазор нафар тарк намуданд. Дасти кам 15 ҳазор нафар сокинони шаҳр дар мактабу масоҷид панаҳ бурдаанд, зеро хонаҳояшон тахриб шудаанд. Нерӯҳои ҳукуматӣ чаҳор рӯз боз талош аз шаҳр берун кардани мухолифини мусаллаҳро доранд. Дар бораи талафоти ҷонибҳо иттилое зери даст нест.

Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ва нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар як тамоси телефонӣ дар бораи ҳамоҳангсозии кӯмак ба фирориён аз Сурия ба тавофуқ расиданд.

Идомаи даргириҳо дар шаҳри Ҳалаби Сурия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:44 0:00
XS
SM
MD
LG