Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳайъати Сандуқи пул моҳи оянда ба Киев хоҳад омад


В. Хорошковский

В. Хорошковский

Як ҳайъати Сандуқи байналмилалии пул дар моҳи сентябр барои арзёбии тарҳи будҷаи соли ояндаи Украина вориди Киев хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки дар Киев талош доранд, барномаи мунҷамидшудаи 15 миллиард доллар воми Сандуқи пул ба Украинаро дубора барқарор кунанд. Муовини сарвазири Украина Валерий Хорошковский гуфт, ки ӯ дирӯз бо мудири Сандуқи пул Кристин Лагард мулоқот дошт ва онҳо дар масъалаи сафари ҳайъати ин ниҳоди молӣ дар моҳи сентябр тавофуқ карданд. Сандуқи байналмилалии пул ба маҳзи сарпечии Киев аз роҳандозии ислоҳоти шадид, аз ҷумла боло бурдани нархи газ, додани қарз ба Украинаро мунҷамид кард.
XS
SM
MD
LG