Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Ҷоми Иттиҳод-2013


Иттиҳодияи футболи Русия (РФС) дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистонро барои ширкат дар Ҷоми Иттиҳод-2013 даъват намуд.

Ин мусобиқа аз 17-ум то 27-уми январи соли оянда дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешавад. Дар мактубе, ки РФС ба унвони Федератсияи футболи Тоҷикистон ирсол кардааст, гуфта мешавад дар ин мусобиқа 16 даста ширкат меварзад ва ҳар як даста 6 бозӣ анҷом медиҳад.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро, ки аз ҳисоби бозигарони соли таваллудашон 1991 ташкил шудааст, Камол Алиспоҳич, мутахассиси босниягӣ, сарварӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, моҳи июни соли равон ин даста бо раҳбарии Алиспоҳич дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё (U-22) дар Малайзия панҷ бозӣ анҷом дод. Мунтахаби Тоҷикистон дар се бозӣ аз дастаҳои Баҳрайн (1:2), Кувайт(0:1) ва Эрон (0:2) мағлуб шуда, бар тимҳои Молдив (2:1) ва Қатар (4:2) ғолиб омад. Футболбозони тоҷик бо 6 имтиёз дар гурӯҳи худ ҷойи 4-умро касб карданд ва аз ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоӣ, ки моҳи январи соли 2014-ум дар Умон баргузор мешавад, маҳрум гаштанд.

Бояд гуфт, ки Ҷоми Иттиҳод имсол ба шакли нав миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони кишварҳои мухталиф баргузор шуд. Мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии Салоҳиддин Ғафуров дар мусобиқаи имсола дар байни 12 даста дар ҷойи 11-ум қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми Иттиҳод солҳои пешин дастаҳои қаҳрамони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил ва Балтик ширкат мекарданд. Танҳо ба ду дастаи Тоҷикистон - «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода (соли 2009-ум) ва «Истиқлол»-и Душанбе (соли 2011-ум) муяссар шудааст, ки ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Иттиҳод роҳ ёбанд.
XS
SM
MD
LG