Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панетта аз Миср вориди Исроил шуд


Леон Панетта
Леон Панетта
Вазири дифоъи Амрико Леон Панетта дар пайи дидор бо раҳбарони нави Миср вориди Исроил шуд. Қарор аст, Паннета бо мақомоти исроилӣ таҳдидҳои ин кишвар барои ҳамла ба Эрон ва ҳам хушунатҳои Сурияро баҳс кунад. Панетта гузоришҳои матбуоти Исроилро дар бораи эҳтимоли баҳси ҳар навъ қасди Амрико барои иқдоми низоми алайҳи Эронро радд кард. Ӯ гуфт, музокироташ бо сарвазир Бенямин Нетаняҳу ва вазири дифоъи Исроил Эҳуд Барак рӯи “таҳдиди ношӣ аз барномаи ҳастаии Эрон ва табодули иттилооти иктишофӣ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG