Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тайи ҳафтаи гузашта гурӯҳи ҷавонони болаёқат ва пешрафтаи тоҷик, ки аксаран дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, бо баргузароии як ҳамоиши ғайримуқаррарии мавсум ба конфронси “TEDx Душанбе” аз худ хабар доданд.

Ҳарчанд ин маҳфил чандон мавриди таваҷҷӯҳи расонаҳои ахбори омми Тоҷикистон қарор нагирифт, соҳибкорони саршиносу муваффақи Тоҷикистон баргузории онро яке аз муҳимтарин навигарии солҳои охир арзёбӣ карданд.

Маълумот:

Конфронси байналмиллалии ТED зери шиори "Ғояҳое, ки месазад паҳн кард" аз ҷониби олимон Ричард Сол Вурмен ва Гарри Маркс соли 1984 дар иёлати Калифорнияи Амрико таъсис ёфтааст. Номи ТЕD аз нахустҳарфҳои се калимаи англисӣ "текнолоҷи" (технология), "энтертеймент" (тафреҳ) ва "дизайн" (тарроҳӣ) гирифта шудааст. Дар ин созмон нахуст маҳз дар доираи ҳамин мавзӯъҳо маърӯзаҳо шунида мешуд, вале баъдтар доираи мавзӯъҳо фарохтар гардид. Дар ин конфронс навтарин дастовардҳои илму техника (фанноварӣ) ва ғояҳои модерн (замонавӣ) муаррифӣ мешаванд. Аввалин компютери фардии Макинтош ва компакт-диски ширкати Сонӣ (Sony) маҳз дар ҳамин ҷо муаррифӣ шудааст. Дар қатори маърӯзачиёни ТED собиқ президенти Амрико Билл Клинтон, ҷоизадорони Нобел Ҷеймс Вотсон ва Мюрей Гелл Ман, асосгузорони бузургтарин ҷӯяндаи интернетии Гугл Ларри Пейҷ ва Сергей Бородин ва муассиси ширкати Майкрософт Бил Гейтс низ буданд.

Лаҳзае аз сӯҳбати Абдулло Ашӯров бо Эмадшо Акдодшоев

Лаҳзае аз сӯҳбати Абдулло Ашӯров бо Эмадшо Акдодшоев

Пас, метавон гуфт, мавҷи ин ҷунбиш ба Душанбе ҳам расид. Ташаббускори асосии баргузории конфронси ТЭД дар Душанбе Эмадшо Ақдодшоев, донишҷӯи Мактаби олии бизнеси Бритониёи Кабир дар риштаи "Бонк ва сармоягузорӣ" дар шаҳри Дубай аст. Чанд сол аст Эмадшо шефтаи маърӯзаҳои тараққипарвар ва идеяҳои навини конфронси байналмиллалии TED аст.

Ӯ мегӯяд, "идеяи созмон додани конфронси TEDx Душанбе дар саҳфаҳои шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба миён омад. Мо донишҷӯёни тоҷике, ки дар ҳар гӯшаи ҷаҳон дар риштаи иқтисод ва молия таҳсил мекунем, дар Фейсбук гурӯҳи махсуси худро дорем, ки дар он роҷеъ ба вазъи бонкҳо, молия ва иқтисоди кишвар табодули назар мекунем. Маҳз дар ҳамон ҷо идеяи ташкили конфронси ТEDx Душанбе назири TED-и байналмилалӣ ба миён омад."



Ҳамсӯҳбати мо афзуд, конфронсҳои TED кайҳо боз дар пойтахти кишварҳои Осиёи Миёна, назири Остона ва Бишкек, баргузор мешаванд, аммо он миқдор аудиторияе, ки конфронси TEDx Душанбе фаро гирифт, дар дигар кишварҳои минтақа дида нашудааст.

Эмадшо илова кард, ӯву ҳамфикронаш мӯътақиданд, конфронси мазкур бо муаррифии беҳтарин идеяҳои навин дар соҳаҳои технология, соҳибкорӣ, ҳунар ва маориф роҳҳоро барои амалӣ шудани онҳо мекушояд: "Конфронси байналмилалии TED намегузорад бо истифода аз минбари он сиёсат ва дин таблиғ шавад ва мо низ ин принсипро риоя мекунем. Мо ба он ноил гаштем, ки дар конфронси TEDx Душанбе беҳтарин намояндагони бизнес, санъат ва маорифро ҷалб кунем ва онҳо бо маърӯзаҳои худ дар конфронс ширкат карда, асрори муваффақият ва идеяҳои тараққипарваронаи хешро бо ҷавонон дар миён гузоштанд."

Эмадшо иброз дошт, ки конфронси TEDx Душанбе зери шиори "Имрӯз орзу кун, то фардо намунаи ибрат шавӣ" фаъолият мекунад ва ҳадафаш ин аст, ки ҷавонони ширкаткунандаи ин чорабинӣ аз идеяҳои муаррифишуда илҳом гиранд, барнома созанд, онро амалӣ намоянд ва бо гузашти чанд сол худашон мисли маърӯзачиҳои конфронс ба минбар бароянд.

Дар ҳамин ҳол, аз Эмадшо пурсидем, ки ӯ ва ҳамфикронаш хеле хушбинона оянда ва дунёро бунафшранг мебинанд. Вале оё дар Тоҷикистон ҷавонон то куҷо имконияти амалӣ кардани нақшаю барномаҳои хешро доранд. Агар ҳа, ягон мисоли равшанеро метавон ном бурд?

Зуҳуршо Раҳматуллоев

Зуҳуршо Раҳматуллоев

"Бале, воқеан бисёриҳо ба мо мегӯянд, ки мо аз воқеиятҳои рӯз дурем ва ба дунё бо айнакҳои бунафшранг менигарем. Вале мисолҳоеро метавонам номбар кунам, ки ҷавонони дар хориҷ таҳсилдида дар Тоҷикистон муваффақ шудаанд. Мисоли бисёр равшани он ташкилоти "Tajikinvest" мебошад, ки онро ҳам ҷавонон дар хориҷ аз кишвар таъсис додаанд ва ҳоло фарзанди ин ташкилот дар Тоҷикистон бо номи "Пешрафт" фаъолият дорад. Ин ташкилотро Зуҳуршо Раҳматуллоев раҳбарӣ мекунад, ки худ таҳсилдидаи Бритониёст",-гуфт Эмадшо.

Дар пайи ин посухаш аз ӯ пурсидем, чун мисолҳои муваффақ шудани ҷавонони лаёқатманд ва таҳсилдида дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, пас, чаро аксар ҷавононе, ки дар хориҷа таҳсил кардаанд, мекӯшанд дар кишвари таҳсилкардаашон боқӣ монанд? Ҷавобаш ин буд: "Наметавонам аз номи ҳама ҳарф занам. Аммо, ба назарам, на ҳама ояндаи худро дар Тоҷикистон тассавур карда метавонанд, мутаассифона. Ҳар шахс барномаи зиндагии худашро дорад.Тасмими баргаштан ба ватан ба ҳар як нафар ва нақшаю ниятҳои вай дахл дорад. Аммо фикр мекунам, агар мисолҳои муваффақияти ҷавонон дар ватан бисёр шавад, иштиёқи дигарон ҳам барои бозгаштан ба кишвар зиёд мешавад."

Эмадшо афзуд, вай ҳамроҳи чанд тан аз дигар ҳамкасбонаш, ки дар донишгоҳҳои гуногун дар риштаи молия ва бонкдорӣ таҳсил мекунанд нияту барномаҳои бузург доранд. Вай, ки худ дар риштаи "Бонки сармоягузорӣ" таҳсил мекунад, ният дорад, пас аз хатми донишгоҳ ҳамроҳи дигар дӯстонаш аз ин ришта чунин бонкҳоро дар Тоҷикистон фаъол кунад. Ӯ мегӯяд, аллакай ҳамкасб ва ҳамфикрони худро дар ин соҳа пайдо кардааст ва боварӣ дорад, ин тими онҳо дар ояндаи наздик барои пешрафти соҳибкорӣ ва умуман иқтисоди Тоҷикистон муфид хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG