Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалабро имшаб ҳавопаймоҳо бомббор кардаанд


Ҳавопаймоҳои ҷангии артиши Сурия шаби гузашта манотиқи таҳти назорати чирикиҳоро дар Ҳалаб бомббор кардаанд. Ин ҳамлаҳо дар идомаи талошҳои нирӯҳоии содиқ ба раисиҷумҳур Башор Асад барои тасарруфи бузургтарин шаҳри Сурия аст. Бино ба хабарҳо, имрӯз аз гӯшаҳои Ҳалаб дуд ба ҳаво мехест. Телевизиони амрикоии NBC News хабар дод, ки чирикиҳои Артиши ҳуррияти Сурия барои муқобила ба чархболҳои нирӯҳои двлатӣ мушакҳои замин-ба-ҳаво ба даст овардаанд. Бино ба ин гузориш, беш аз 20 шабакаи хурди дифоъи зиддиҳавоӣ тавассути Туркия расидаанд.
XS
SM
MD
LG