Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи қотили домоди раисиҷумҳур такмил шудааст


Холмӯъмин Сафаров.

Холмӯъмин Сафаров.

Парвандаи ҷиноии нафари муттаҳам ба куштори домоди раисҷумҳури Тоҷикистон такмил шуда, додситонӣ дар садади ирсоли он ба додгоҳ мебошад.

Манобеъи ҳукуматӣ бо таъйиди ин хабар мегӯянд, тамоми далоили шайъии зарурӣ, аз ҷумла як туфангча, ду компютер ва чанд далели дигар, ки «фош карданашон хатарнок аст», нишондодҳои гумонбаршударо тасдиқ мекунанд.

Ба қавли ин манбаъ, дар камераи мушоҳидавии истгоҳи телефонӣ - АТС – и шафати маҳалли куштор низ сабте вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад, ҳамон шаб баъд аз куштор, қотил таг-таги девор фирор кардааст. Ин манбаъ афзуд, «агарчи чеҳраи ӯ дар торикӣ хуб шинохта намешавад, вале сару либос ва қаду басташ айнан ҳамин гумонбаршуда аст».

Холмӯъмин Сафаров аз хешовандони наздики президент Эмомалӣ Раҳмон шаби 13-уми июн дар наздикии хонааш дар яке аз маҳаллаҳои марказии шаҳри Душанбе ба қатл расид. Пас як моҳи ҳодиса Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълом кард, ки кормандони ин вазорат дар ҷараёни як амалиёт қотили Сафаровро боздошт кардаанд.

Ҳафтаи гузашта туфангчаи тамғаи "Макаров", ки аз он шахси номаълум ба қисмати рӯй, қафаси сина ва шиками раҳбари хоҷагии ҷангалу шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва шавҳари хоҳари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тир холӣ карда буд, аз рӯдхонаи Душанбе дар маҳаллаи 46-ум дар наздикии тарабхонаи «Фараҳноз»- и Шӯрои деҳоти «Россия» пайдо шуд.

Манобеи ҳукуматӣ туфангчаро охирин далели шайъии мӯътамад дар парвандаи мазкур унвон мекунанд ва мегӯянд, нафари муттаҳам тамоми гуноҳҳои худро ба зимма гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, қаблан Созмони Авфи байнулмилал аз қавли наздикон ва вакили дифоъи маҳкумшаванда изҳори нигаронӣ аз он карда буданд, ки иқрори ахирӣ дар ҷурми худ тариқи шиканҷа ба мақомот даст додааст. Ҳоло вакилони дифои ӯ мегӯянд, мақомот дастрасӣ ба нафари зери ҳимояташонро маҳдуд кардаанд.

Манобеъи ҳукуматӣ то ба ҳол исми нафари муттаҳам дар қатли Хомӯъмин Сафаровро эълон надоштаанд, аммо манобеъи ғайрирасмӣ дар бораи Қосимов Диловаршоҳ Умарович, сокини 45 – солаи ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Восеъ сӯҳбат мекунанд, ки дар ин куштори пурсарусадо муттаҳам мешавад.

Манобеи ғайрирасмӣ дар бораи далоили куштор фарзияҳои гуногун пешниҳод мекунанд, ки ба тиҷорат, кор ва дигар фаъолиятҳои Холмӯъмин Сафаров рабт доранд.

Аммо мақомот дар ин бора чӣ хоҳанд гуфт, ҳанӯз рӯшан нест. Интизор меравад масъули Додситонии кулл тариқи телевизиони давлатӣ ин парвандаро шарҳ диҳад.

Қаблан вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Аваз Кабиров, соҳибмулки бозори «Султони Кабир»-ро низ бозпурсӣ намуда, раҳо карда буд, ки яқинан ба парвандаи мавриди назар рабт дошт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG