Пайвандҳои дастрасӣ

Оё истифодаи нерӯи ҳарбӣ дар Бадахшон дуруст буд?


Яке аз назардиҳандагон

Яке аз назардиҳандагон

Назари чанд сокини Душанбе ба истифодаи нерӯҳои низомӣ дар ҳаводиси Хоруғ дар як пурсиши сарироҳии "Озодӣ".

Бархе аз сокинони пойтахт, ки бо онҳо ҳамсӯҳбат шудем, дар масъалаи истифодаи нерӯи низомӣ дар ҳаводиси ахири Хоруғ назари мусбат доранд. Онҳо мегӯянд, мақомоти расмӣ барои аз миён бурдани гурӯҳҳои мусаллаҳ маҷбур шудааст, ки чунин тасмимро бигирад.

Яке аз назардиҳандагон ҳам гуфт, "ҳукумат дар вақти зарурӣ бояд чора андешад ва барои ин ҳам ҳукумат аст."

"Солиёни дароз дар минтақа қувваҳои дохилие буданд, ки ба қонун ва идораҳои давлатӣ итоат намекарданд. Хуб аст, ки ҳукумат барои ба тартиб овардани вазъ чунин кард. Ин хуб аст"
,-андеша дорад дигаре.

Ин дар ҳолест, ки бахше дигар аз сокинон аз истифодаи нерӯи низомӣ дар ҳаводиси ахири Хоруғ, ки ба кушта шудани афроди осоишта низ сабаб шуд, башиддат норозиянд. Онҳо мегӯянд, бояд мақомот ин масъаларо аз тариқи гуфтугӯ ва бо кумаки шахсони бонуфузу саршиноси минтақа ҳал мекард. Ҳамчуноне ки дар охир тавассути чунин одамон бархе аз афроди силоҳбадастро моил кард, то силоҳҳоияшонро ба замин гузоранд. "Бубинед, дар ипн амалиёт мардуми бегуноҳ ҳам ҳалок шуд. Инро аз роҳҳои дигар ҳам ҳал кардан мумкин буд",-мегӯяд яке аз ҳамсӯҳбатони мо.

Дар ин назарпурсии мо онҳое низ буданд, ки аз ҳаводиси ахири Хоруғ изҳори беиттилоӣ карданд ва ё бо афшондани даст аз баёни назарашон худдорӣ намуданд.

Хонандаи азиз, як нигоҳе ба ин навор андозед ва дар пайи он назари худро ҳам бинависед, ки то куҷо истифодаи нерӯи низомӣ дар ҳаводиси Хоруғ дуруст буд:

Иштибоҳи сервер

Воооҳ, тавре мебинед, ин чизе нест, ки мебоист ба Шумо нишон медодем!

ин тор ба бахши фаннӣ фиристода мешавад ва фавран баррасӣ мегардад. Бахшиш мепурсем.

Лутфан тугмаи Ҷустуҷӯро барои пайдо кардани ин мавод пахш кунед

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG