Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хоруғ танҳо як баталиони 500-нафарӣ боқӣ мемонад


Интизор меравад, баталиони 500-нафарӣ то ба анҷом расидани марҳилаи халъи силоҳ дар Хоруғ боқӣ монад.

Манбаи "Озодӣ" дар Хоруғ субҳи 1-уми август хабар дод, ки дар ин шаҳр як баталиони 500-нафарӣ боқӣ монда, нерӯҳои изофӣ ба қароргоҳашон бармегарданд. Ин тасмим ба дунболи поён ёфтани амалиёти низомӣ дар маркази вилояти Бадахшон ва ҳам таъмини шароити хуби будубош барои сарбозону афсарон, ки теъдодашон аз 2 ҳазор нафар зиёд аст, гирифта шудааст.

Ба дунболи интиқоди раиси вилояти Бадахшон, Қодири Қосим, аз зиёдаравии гурӯҳҳои таъйиноти махсус ва таҷаммӯи сокинон баъд аз зӯҳри 31-уми июл, нерӯҳо аз маҳаллаи "УПД"-и шаҳри Хоруғ низ бароварда шудаанд. Илова бар ин, нишонзанҳое, ки дар чаҳор гӯшаи шаҳр ва дар домани кӯҳҳо камин гарифта буданд, ин ҷойҳоро тарк мекунанд. Ба қавли манбаи Озодӣ дар Хоруғ, айни ҳол нерӯҳои ҳукуматӣ фақат дар маҳаллаи Бизмичи шаҳр ва сари роҳ дар наздикии фурудгоҳ қарор доранд.

Гуфта мешавад, ки баталиони махсуси 500-нафарӣ то ба анҷом расидани марҳилаи халъи силоҳ дар Хоруғ боқӣ хоҳад монд.

Вазири дифои Тоҷикистон, Шералӣ Хайруллоев, дар сӯҳбати бидуни микрофон ба манбаи Озодӣ дар Хоруғ таъйид кардааст, ки ба ҷуз Толиб Айёмбеков ва гумонбарони қатли генерал Абдулло Назаров, эҳтимол дигар афроди дар муқовимати мусаллаҳона ширкат дошта, ба шумули собиқ фармондеҳони ИНОТ дар сурати ихтиёран таслим намудани аслиҳа, афв шаванд. Вале ба гуфтаи вай, тасмими афв дар дасти раисиҷумҳур аст.

Вазири дифоъ ҳамчунин гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 80–солагии Хоруғ, ки қарор аст, дар охири моҳи августи соли ҷорӣ баргузор шавад, ширкат менамояд. Аммо вазири дифоъ дар ин маврид санаи дақиқеро баён накард.

Ахиран, гурӯҳи хабарнигорони телевизиони Тоҷикистон аз Шабакаи аввал ва "Сафина" ба манзури инъикоси авзоъ ба Хоруғ омада, ба фаъолият пардохтаанд. Ба гуфтаи манбаи Озодӣ, дар ҳоли ҳозир ҳама идора ва муассисаҳо дар шаҳр ба фаъолият шурӯъ кардаанд, аммо бонкҳо бинобар набуди шабакаи интернет, то ҳанӯз наметавонанд ба мардум музди кор ва нафақаашонро пардохт намоянд.

"Дар бозори Хоруғ камбуди маводи ғизоӣ эҳсос шуда, нархҳо боло рафтаанд. Ҳаракати нақлиёт дар тамоми ҷодаҳои Хоруғ ва роҳҳои бурунрафт ба ҳолати эътидол даромад. Субҳи имрӯз шуморе аз комюнҳои борбар, ки аз Чин меомаданд, бемамониат ба сӯи Душанбе ҳаракат карданд",-афзуд манбаи Озодӣ дар Хоруғ.
XS
SM
MD
LG