Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Лондон рӯзи чаҳоруми мусобиқот барои медалҳои Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ поён ёфт.

Аз рӯи натиҷагирии чаҳор рӯзи мусобиқот варзишгарони 43 кишвар барандагони медалҳои олимпӣ шуданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мисли пешин Чин бо касби 23 медал - 13 тилло, 6 нуқра ва 4 биринҷӣ дар мақоми аввал аст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 23 медал – 9 тилло, 8 нуқра ва 6 биринҷӣ дар ҷойи дувум қарор дорад. Мунтахаби Фаронса бо касби 11 медал - 4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ дар ҷои севум мебошад.

Умуман, варзишгарони 20 кишвар дар чаҳор рӯзи мусобиқот ба унвони қаҳрамони Олимпиадаи Лондон мушарраф гаштанд. Чин 13 медали тилло, ИМА 9 медали тилло, Фаронса 4 нишони тилло, Кореяи Ҷанубӣ, Кореяи Шимолӣ ва Қазоқистон ҳар кадом 3 медали тилло, Италия, Олмон, Русия ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (ҶАҶ) ҳар кадом 2 медали тилло, Ҷопон, Австралия, Руминия, Бразилия, Маҷористон, Нидерланд, Украина, Гурҷистон, Литва ва Словения ҳар кадом як медали тилло ба даст оварданд.

Натоиҷи мусобиқоти умумидастаӣ баъди чаҳор рӯзи мусобиқот:

1. Чин 13+6+4
2. ИМА9+8+6
3. Фаронса 4+3+4
4. Кореяи Ҷанубӣ 3+2+3
5. Кореяи Шимолӣ 3+0+1
6. Қазоқистон 3+0+0
7. Италия 2+4+2
8. Олмон 2+3+1
9. Русия 2+2+4
10. ҶАҶ 2+0+0
11. Ҷопон 1+4+8
12. Австралия 1+3+2
13. Руминия 1+2+2
14-15. Бразилия 1+1+1
14-15. Маҷористон 1+1+1
16. Нидерланд 1+1+0
17. Украина 1+0+2
18-20. Гурҷистон 1+0+0
18-20. Литва 1+0+0
18-20. Словения 1+0+0
21. Бритониёи Кабир 0+2+2
22-23. Колумбия 0+2+0
22-23. Мексика 0+2+0
24. Индонезия 0+1+1
25-31. Дания 0+1+0
25-31. Миср 0+1+0
25-31. Куба 0+1+0
25-31. Лаҳистон 0+1+0
25-31. Тайланд 0+1+0
25-31. Тайван 0+1+0
25-31. Шветсия 0+1+0
32. Канада 0+0+4
33. Словакия 0+0+2
34-43. Озарбойҷон 0+0+1
34-43. Белгия 0+0+1
34-43. Ҳиндустон 0+0+1
34-43. Қатар 0+0+1
34-43. Молдова 0+0+1
34-43. Муғулистон 0+0+1
34-43. Зеландияи Нав 0+0+1
34-43. Норвегия 0+0+1
34-43. Сербия 0+0+1
34-43. Узбакистон 0+0+1

Рақобати Расул Боқиев бо ҳарифи фаронсавияш

Рақобати Расул Боқиев бо ҳарифи фаронсавияш

Тоҷикистонро дар ин бозиҳо 16 варзишгар дар ҳафт ришта - бокс, варзиши сабук, гуштии озод, дзюдо, таэквандо, тирандозӣ ва шиноварӣ намояндагӣ мекунанд.

То имрӯз чаҳор варзишгари тоҷик - Сергей Бабиков (тирандозӣ), Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов (ҳарду – бокс) ва Расул Боқиев (дзюдо) дар рақобатҳо ширкат карданд, вале аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Сергей Бабиков дар сабқати тирандозӣ аз туфангчаи пневматикӣ ба масофаи 10 метр бо 562 имтиёз мақоми 44-умро касб кард. Дар ин навъи рақобатҳо Чин Чжон О (Кореяи Ҷанубӣ) бо 688,2 имтиёз бо медали тилло сарфароз гашт. Лука Тескони (Италия) бо 685,8 имтиёз бо медали нуқра мукофотонида шуд. Андриа Златич (Хорватия) бо 685,2 имтиёз соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Собирҷон Назаров дар сабқати бокс дар даври 1/16 ниҳоӣ дар вазни то 75 кило аз рақибаш Муҷанҷие Касуто (Намибия) аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 8:11 мағлуб гашт ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуд.

Ҷаҳон Қурбонов дар нахустин қувваозмоияш дар вазни то 81 кило дар даври 1/16 ниҳоӣ аз Яҳё Элмекачари (Тунис) аз рӯи холҳо бо ҳисоби 8:16 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин-2008, дар вазни то 73 кило дар риштаи дзюдо дар даври 1/16 ниҳоӣ бар Даниэл Виллямс (Бритониёи Кабир) ва дар ҳаштякфинал бар паҳлавони узбак Наврӯз Ҷӯрақобилов ғалабаи соф (иппон) ба даст овард. Вале дар даври чаҳорякниҳоӣ аз Рики Накая (Ҷопон) ва баъдан барои нишони биринҷӣ аз Уго Легранд (Фаронса) шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард.

Ҷаҳон Қурбонов (аз тарафи чап)

Ҷаҳон Қурбонов (аз тарафи чап)

Дар қувваозмоии ниҳоӣ дар вазни то 73 кг Мансур Исоев (Русия) бар Рики Накая ғолиб омад ва ба унвони қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ ва медали тилло мушарраф шуд. Рики Накая бо медали нуқра сарфароз гардид. Ням Очир Сайнҷаргал (Муғулистон) ва Уго Легранд бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Имрӯз, якуми август, Парвиз Собиров дар риштаи дзюдо дар вазни то 90 кило ба қувваозмоӣ шурӯъ мекунад. Рақиби ӯ дар даври 1/16-ниҳоӣ Мелони Робертои итолиёвӣ мебошад.

Бегоҳи чоршанбе Анвар Юнусов дар сабқати бокс дар вазни то 56 кило дар даври ҳаштякниҳоӣ бо Оскар Валдес (Мексика) рақобат мекунад. Коршиносон аз муштзани тоҷик, ки барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон аст, натиҷаи баландро чашмдоранд.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Лондон:

1-уми август
Дзюдо. 14.12. Парвиз Собиров (то 90 кг, 1/16 финал).
Бокс. 18.15. Анвар Юнусов (то 56 кг, 1/8 финал).

3-юми август
Варзиши сабук. 15.20. Дилшод Назаров (гурзандозӣ, сабқати интихобӣ).
Шиноварӣ. 14.00. Катерина Измайлова (50 м, тарзи озод, сабқати интихобӣ).

6-уми август
Бокс. 19.15. Мавзуна Чориева (то 60 кг, 1/4 финал).
Варзиши сабук. 23.20. Владислава Овчаренко (200 м, занон, даври 1-ум).

10-уми август
Таэквондо. 13.15. Фарҳод Неъматов (то 80кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.00. Николай Ноев (то 55 кг, 1/8 финал).

11-уми август
Таэквондо. 13.15. Алишер Гулов (+80 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.30. Юсуф Абдусаломов (то 84 кг, 1/8 финал).

12-уми август
Гуштии озод. 13.00. Зелимхон Юсуфов (то 66 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 13.00. Искандари Рустам (то 96 кг, 1/8 финал).

Эзоҳ: Замони оғози мусобиқот ба вақти Душанбе аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG