Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Ҳилларӣ Клинтон ба Африқо аз Сенегал шурӯъ шуд


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, сафари даҳрӯзаи худ ба қораи Африқоро аз Сенегал шурӯъ кард.

Баъдан ӯ ба Судони ҷанубӣ меравад, ба кишваре, ки соли гузашта баъд аз ҷудоӣ аз ҳайати Судон таъсис шудааст.Дар ҷараёни музокироти хонум Клинтон бо раҳбарони ин кишвар ва ҳамчунин бо сарони Уганда, Кения ва Малавӣ масоили марбут ба амният, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухадир ва ҳамкориҳои иқтисодӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Қарор аст, ки Ҳилларӣ Клинтон дар Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ бо раҳбари пешини ин кишвар Нелсон Манделаи 94-сола дидору гуфтугӯ кунад.

Дар поёни сафараш дар Гана вазири умури хориҷии ИМА дар маросими дафни раҳбари пешини ин кишвар Ҷон Атто Миллза ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG