Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлагарон бинои вазорати дохилии Яманро тасарруф карданд


Дар шаҳри Санъо, пойтахти Яман, бар асари задухӯрди нерӯҳои амниятӣ бо гурӯҳи мусаллаҳе, ки бинои вазорати умури дохилиро тасарруф кардааст, дасти кам 15 нафар ба ҳалокат расида, 43 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Бар пояи хабарҳо, ҳамлагарон дар тан либоси кормандони полисро доранд.Мақомоти Яман мегӯянд, ки онҳо ҷонибдорони раисиҷумҳури барканоршуда Алӣ Абдулло Солеҳанд. Бархе аз мансабдорон дар тасарруфи бинои вазорати умури дохилӣ хоҳарзодаи раисиҷумҳури пешинро, ки афсари полис аст, айбдор карданд.

Раисиҷумҳури Яман Абдураббо Мансур Ал-Ҳодӣ талош дорад сохторҳои амниятиро, ки то ҳол таҳти назорати афроди наздик ба Алӣ Абдулло Солеҳанд, бозсозӣ кунад.
XS
SM
MD
LG