Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар таркишҳои Бағдод 19 нафар кушта шуданд


Мақомоти Ироқ теъдоди қурбониёни таркиши мошинҳои ҳомили маводи тарканда дар ду маҳаллаи шианишини Бағдодро мушаххас карданд. Дар ин ҳамлаҳои рӯзи сешанбе 19 нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.

Ба иттилои полис, таркиши аввал дар канори як тарабхонаи маҳаллаи Карридаҳ, яке аз сериздиҳомтарин мавзеъҳои тиҷоратии шаҳр, ба вуқӯъ пайваст. Мошини дуюм дар канори бахши шиносномадиҳии идораи полис инфиҷор шуд. Ҳанӯз гурӯҳе масъулияти ин ҳамлаҳоро бар ӯҳда нагирифтааст.

Даҳ рӯз пеш дар Бағдод хунбортарин ҳамлаи террористии солҳои ахир сурат гирифт, ки бар асари он беш аз сад нафар ҷон бохтанд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ”, ки бо шабакаи “Ал-Қоида” робитаи мустақим дорад, бар дӯш гирифта буд.
XS
SM
MD
LG