Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойгоҳи низомии фаронсавиҳо ба ихтиёри афғонҳо гузашт


Низомиёни фаронсавии мустақар дар Афғонистон, дар чаҳорчӯби омодагиҳо ба хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалӣ, пойгоҳи худро дар ихтиёри низомиёни афғон гузоштанд. Қарор аст, ки то охири соли оянда ду ҳазор афсару сарбози фаронсавӣ хоки Афғонистонро тарк намоянд.

Дар минтақаи Суробӣ, воқеъ дар тақрибан 50-километрии Кобул, маросими ботантанаи ба ихтиёри нерӯҳои ҳукуматӣ гузаштани пойгоҳ баргузор гардид. Парчами Фаронса пойин ва парчами Афғонистон боло карда шуд.

Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд моҳи май эълом дошт, ки низомиёни кишвар ба зудӣ Афғонистонро тарк мекунанд.
XS
SM
MD
LG