Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои нави зиддиэронии ИМА


ИМА дар бораи густариши таҳримҳо алайҳи ширкатҳои нафтӣ ва нафтукимиёвии Эрон хабар дод.

Ба гуфтаи раисиҷумҳур Барак Обама, таҳримҳои нав алайҳи ширкатҳоест, ки бо бахши нафти Эрон ҳамкорӣ ё хариду фурӯш мекунанд ваё бо Бонки марказии Эрон амалиёти молиявӣ анҷом медиҳанд.

Ғайр аз ин, бонки чиноии Кунлун ва “Бонки исломии Элоф”-и Ироқ ҳам мавриди таҳрим қарор мегиранд, зеро онҳо, ба иддаои Вошингтон, ба сохторҳои молиявии Эрон кӯмак карданд, ки таҳримҳои байнулмилалиро сарфи назар кунанд.

Барак Обама бори дигар изҳор намуд, ки ӯ ба ҳалли дипломатии қазияи барномаи ҳастаии Эрон бартарӣ медиҳад.
XS
SM
MD
LG