Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи андози Тоҷикистон ният дорад назоратро аз даромади ҳунармандони тоҷик сахттар кунад.

Эълони нави Кумитаи андози Тоҷикистон ҳатман табъи овозхонони шинохтаи тоҷик, монанди Садриддини Наҷмиддин ё Шабнами Сурайё, Ҷонибек Муродов ё Фарзона, Афзалшоҳ ё Зикруллоҳро хира хоҳад кард.

Ин ниҳод ҳунарпешагонро ба пинҳон доштани даромад ва напардохтани андоз айбдор карда, гуфтааст, назорат бар даромади онҳо қавитар хоҳад кард.

Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, дар ним соли ахир аз наздики 500 овозхон ва навозандаи тоҷик 570 ҳазор сомонӣ молиёт ҷамъ оварда шудааст, ки қонеъкунанда нест. Вай афзуд, «қисме аз ҳунармандон тавассути патент, теъдоди дигар тариқи шаҳодатнома кор мекунанд. Муттааcсифона, баъзе аз онҳо тариқи патент як маротиба маблағи ночизро чун андоз месупоранд ва бо ҳамин бо баҳонаи банд будан дар сафарҳои ҳунарӣ ё бемор шудан бедарак мегарданд. Ҳол он ки ягон тӯю маърака бе ширкати онҳо намегузарад ва маблағеро, ки онҳо аз ин чорабиниҳо ба даст меоранд, ба ҳар яки мо маълум аст».

Ба гуфтаи ҷаноби Давлатов, ҳоло лоиҳаи қарори ҳукумат дар бораи фаъолият бо патенту шаҳодатнома таҳия мегардад ва дар он афзоиши пардохтҳо аз ҷониби сарояндагону овозхонон низ дар назар гирифта шудааст. Ин нукта барои он ба қарор роҳ ёфтааст, ки гумон мераванд, ҳаҷми феълии андоз аз даромади аҳли ҳунару эҷод ночиз будааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ чаҳор сол пеш дар Тоҷикистон барои овозхонон патент ва ё иҷозатномаи фаъолият ҷорӣ шуд, ки бино бар он ҳунарпешагон бояд ҳар моҳ ба хазинаи давлат 180 сомонӣ супоранд. Раиси Кумитаи андоз ин муқарраротро як “сабукӣ” барои онҳое номид, ки пули хуб ба даст меоранд:

«Умуман андозро бояд ҳама пардохт кунад. Фикр кунед, нафаре, ки дар бозор дар гармӣ мешинад ва шояд моҳе ҳатто 300-400 сомонӣ ҳам даромад набинад, вале андоз месупорад. Аммо овозхонон, ки даромади хуб доранд, чаро бояд дар супоридани молиёт ба онҳо сабукӣ дода шавад? Ногуфта намонад, то имрӯз ҳунармандоне, ки дар супоридани молиёт ба Кумитаи андоз таъхир кардаанд, ҷарима шудаанд».

Дар ҳамин ҳол сарояндагони тоҷик аз эҳтимоли баланд шудани пардохтҳо изҳори норизогӣ мекунанд. Аз ҷумла Фурқати Саид, раҳбари бадеии ансамбли давлатии "Шашмақом" гуфт, чунин иқдом метавонад боиси рӯҳафтодагӣ ва ниёзмандии аҳли ҳунар гардад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба таъкиди вай то ҳанӯз Кумитаи андоз натавонистааст миёни овозхонони касбӣ, ки дар муассисаҳои фаҳангии давлатӣ фаъолият мебаранд ва сарояндагони шоу-бизнес фарқият гузоранд.

Фурқати Саид мегӯяд, ҳунармандони касбӣ маоши муайян мегиранд ва дар чорабиниҳои ҳукуматӣ ба таври ройгон ҳунарнамоӣ мекунанд. Вале бо талаби Кумитаи андоз дар баробари овозхонони дигар, ки даромади бештар доранд, молиёти ҳамсон месупоранд. Ӯ аз ҷумла афзуд, «Мо ҳатто чунин тасмим ҳам доштем, ки якҷо бо чандин ҳунармандони саршиноси кишвар ба сарвари давлат дар ин бора муроҷиат кунем. Зеро мо тамоми ҳастии худро ба рушди ҳунари тоҷик бахшидаем. Аммо ҳоло барои масъулини Кумитаи андоз сӯзангару оҳангар яке шудааст. Оне ки бо 1,5 ё 2 ҳазор доллар ба тӯйхона даъват мешавад, ҳаминқадар андоз месупорад ва нафаре ки бар ивази 1000 сомонӣ дар тӯй хидмат мекунад, ба ҳамин андоза молиёт мепардозад. Ин тамоман беадолатист».

Дар ин баробар Фарҳод Зикиров, оҳангсози тоҷик мегӯяд, Кумитаи андоз танҳо даромади ҳунармандонро назорат мекунанд, вале хароҷоти онҳоро ба инобат намегиранд. Ба гуфтаи Фарҳод, акасарияти овозхони шоу-бизнеси тоҷик тақрибан 80 фоизи даромади худро барои ба даст овардан ва нигаҳдории имиҷи худ истифода мебаранд.

Ин мусоҳиби мо ҳамчунин афзуд: «Барои ман хеле аҷиб аст, ки масъулони Кумитаи андоз аз рӯйи кадом меъёр муайян карданд, ки санъаткорон назар ба дигар қишри ҷомеа даромади бештар доранд. Масалан, ман бо ҳунармандони зиёди шоу-бизнеси тоҷик сару кор дорам, ки аксарияташон барои такмили тарона маблағи кофӣ надоранд ва бо ҳамин сабаб корашон ба дарозо мекашад. Чӣ расад ба таҳияи клип, ки маблағи аз ин ҳам бештарро талаб мекунад. Боз агар Кумитаи андоз чунин иқдомро пеш гирифта бошаду пардохти андозро боло барад, намедонам ин ҳунармандони бечора бояд чӣ кор кунанд. Ё шояд барои пеш бурдани фаъолият, хориҷи кишварро бояд ихтиёр кунанд?».

Афзоиши андоз аз ҳунарпешагон дар ҳоле пешбинӣ мешавад, ки чандин нафари онҳо ба насупурдани андоз айбдор шуданд. Аз ҷумла, овозхонони шинохтаи мисли Ҷонибек Муродов, Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед низ як муддат ба феҳрасти “сиёҳ”-и Кумитаи андоз шомил будаанд. Ҳаётой Мӯъминова, сароянади мардумии тоҷик низ ду сол пеш барои ҳунарнамоии бидуни шартнома дар тӯй ва насупоридани андоз дар додгоҳ муҳокима ва ҷаримабандӣ шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG