Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба Тоҷикистон 200 муаллими русӣ мефиристад


Константин Ромодановский-раиси хадамоти федералии муҳоҷирати Русия
Константин Ромодановский-раиси хадамоти федералии муҳоҷирати Русия
Русия ба вилояти Суғди Тоҷикистон 200 муаллими забони русӣ мефиристад. Рӯзи сешанбе раиси идораи маорифи Суғд Саидмухтор Ҷалолов гуфт, ки муаллимон бар пояи созиши миёни ду кишвар ба Суғд омада, ба наврасон забони русӣ таълим медиҳанд. Мақомоти маҳаллӣ ин муаллимонро бо ҷои зист таъмин хоҳанд кард. Ҳамчунон рӯзи сешанбе дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия аввалин маркази санҷиши забон ифтитоҳ ёфт. Раиси хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский мегӯяд, он муҳоҷирони корӣ, ки дар соҳаи хадамот ифои вазифа мекунанд, бояд имтиҳони забони русиро супоранд. Даҳҳо ҳазор тоҷик, узбак ва қирғиз барои мардикорӣ ба Русия мераванд.
XS
SM
MD
LG