Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ барои «Ҷоми Дӯстӣ» дар Қирғизистон ширкат хоҳад кард.

Ин мусобиқа аз 4-ум то 9-уми август дар шаҳрҳои Бишкек ва Канти Қирғизистон баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқа 6 даста ширкат меварзад. Ба ғайр аз футболбозони навраси тоҷик дастаҳои мунтахаби наврасони Туркманистон, вилояти Ҷамбули Қазоқистон, «Динамо»-и Омски Русия, инчунин, ду тими мунтахаби Қирғизистон барои Ҷом талош хоҳанд кард.

Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ аз як марҳила иборат аст. Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони то 14-солаи Тоҷикистон сармураббӣ Раҷаб Расулов 16 футболбози наврасро даъват кардааст: 2 дарвозабон, 4 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-14):
Дарвозабонҳо: Беҳрӯз Хайриев («Барқ»), Наврӯзи Абдул («Варзоб»);
Ҳимоятгарон: Шаҳбози Шарифӣ, Самандар Сафаров, Маъсуми Сабзқадамов (ҳама – РШВСМ), Бахтиёр Ҳақназаров («Барқ»);
Нимҳимоятгарон: Шериддин Бобоев, Сӯҳроб Мӯъминов (ҳарду – РШВСМ), Алишер Баротов, Мухторҷон Ортиқов (ҳарду – «Вахш»), Нуралӣ Шералӣ («Равшан»), Беназир Латифзода («Варзоб»), Сироҷиддин Гулмуродов («Барқ»);
Ҳамлагарон: Вафо Сӯфиев («Варзоб»), Рустам Толибов (РШВСМ), Умар Шарифов («Вахш»).
Сармураббӣ: Раҷаб Расулов.
XS
SM
MD
LG