Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти маҳаллӣ дар минтақаи Кӯлоб имкони ҷилавгирӣ аз қочоқи намаки бидуни йоди Кӯҳи Хоҷамӯъминро надоранд.

Хуҷамурод Фазлиддинов, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯяд, намаки ин кон шабона пинҳонӣ аз чашми намояндагони мақомоти интизомӣ дуздида мешавад. Ӯ мегӯяд, қочоқчиёни намак бо роҳҳои гуногун намакро ғорат карда, баъдан бо тамғаҳои гуногун мефурӯшанд, вале ҳукумат наметавонад, тамоми конро зери назорати доимӣ дошта бошад. Ин дар ҳолест, ки кӯҳи намаки Хоҷамӯъмин ба ҳудуди маъмурии ноҳияи Ҳамадонӣ ва Восеъ дохил мешавад.

Султон Валиев, раиси ноҳияи Восеъ мегӯяд, ба хотири ҷилавгирӣ аз қочоқи намак ба вазорату идораҳои дахлдори марказӣ муроҷиат кардааст, зеро онҳо натавонистанд, ин гуна қочоқро пешгирӣ кунанд: «Мо ба Саридораи геологияи тоҷик муроҷиат кардем, ки ин масъаларо бинанд. Барои чӣ касе ин масъаларо назорат намекунад? Мақомоте бояд вобаста ба ин кор бошад. Ман киро аз масъулини ноҳия равон кунам? Ин як проблемаи вазнин аст. Ҳозир инро фикр намекунем. Медонед, ки баъд барои харидани як таблетка душворӣ пеш меояд».

Қочоқи намак дар ҳолест, ки тибқи иттилои Идораи стандарт дар Кӯлоб ҳатто корхонаву дӯконҳое, ки расман фаъолият мекунанд, дар бисёр ҳолат ба намк йод намезананд.

Ҳикматулло Сафаров, сардори Оҷонси стандарт дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, дар аксари дуконҳо ҳангоми тафтиш намаки йодношуда пайдо кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, бархе аз тоҷирон ба хотири даромади бештар бар зиёни мардум кор карда, намакро йод - элементи кимиёвие, ки ба бадани инсон ниҳоят лозим аст, намезананд: «Вазъияти намакистеҳсолкунӣ қариб, ки ба талабот ҷавобгӯ нест. Борҳо намакфурӯшон ҷарима шудаанд, вале боз дар санҷишҳои навбатӣ ҳолати йод накардани намак пайдо мешавад. Инҳо гурӯҳое ҳастанд, ки солимии мардумро поёнтар аз манфитаи худ медонанд».

Билоли Шамс, рӯзноманигори маҳаллӣ, ки дар ин замина таҳқиқот анҷом додааст, мегӯяд, онҳое, ки ба қочоқи намак даст мезананд, ҳамагӣ дар Вазорату идораҳои марказӣ ба қавле «одам» доранд ва ба ин хотир касе онҳоро чизе гуфта наметавонад.

Ба дунболи қочоқи намак ва бидуни йод фурӯхтани он теъдоди гирифторони бемории ҷоғар ё худ варами ғадудҳои сипаршакл афзоиш ёфтааст. Йод ягона элементест, ки онро бояд дар Тоҷикистон тариқи намак вориди бадани инсон кунанд ва сокинон аз хатари бемории ҷоғар эмин монанд. Эмомалӣ Раҳмонов, пизишки ҷоғаршинсо мегӯяд, ҳоло дар минтақаи Кӯлоб беш аз 30 ҳазор расман бемории ҷоғар доранд. Беморие, ки инкишофи ҷисмониву ақлонии инсонро суст намуда, ҳатто боиси фавти инсонҳо мегардад. Ҷаноби Раҳмонов ин бемориро барои наврасон хатарбор медонад, ки ҳоло ба гуфтаи ӯ беш аз 20 ҳазор наврас дар минтақаи Кӯлоб ба он гирифтор аст:

«Дар кишвари мо бояд йодро ба намак омехта намуда, ба сокинон диҳанд, зеро мардуми мо моҳӣ ва дигар ғизоҳое, ки йод дошта бошанд, истеъмол намекунанд. Ҷоғар ба наврасон хатари бештар дорад, ки ин ба вайроншавии нутқ, вайроншавии биноиву шунавоӣ оварда мерасонад. Наврасе, ки бемории ҷоғар дорад, қобилияти хондану азхудкуниаш низ хеле суст аст. Дар ҳолати табобат накардан ҷоғар метавонад, ба ноқисулақлӣ оварда расонад».

Сокинони оддӣ дар бораи бемории ҷоғар то ҷое огаҳӣ доранд, вале онҳо мегӯянд, ба йоднок будани намакҳое, ки бо тамғаҳои гуногун дар бозорҳо фурӯхта мешаванд, бовар доранд. Кони намаки Хоҷамӯъмин дар ҷануби Тоҷикистон аз бузургатрин намакдони дунё дониста мешавад, аммо то ҳол дар ин кишвар аз ин кон ба манфиати умум истифода бурда намешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG