Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуриддин Шамсов сафири нави Тоҷикистон дар Амрико


Нуриддин Шамсов
Нуриддин Шамсов
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон Нуриддин Шамсов, собиқ сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Австрияро, ки ҳамзамон Намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА буд, ба вазифаи сафири Тоикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъйин кардааст. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Қаблан Абдуҷаббор Ширинов сафири Тоҷикистон дар Амрико буд, ки тибқи як фармони дигари президент дар моҳи январи соли ҷорӣ раиси Бонки милии Тоҷикистон таъйин гардид.

Инчунин, бар асоси як фармони дигари президенти Тоҷикистон, Исматулло Насридинов ҳамчун намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва созмонҳои дигари байналмилалӣ дар Австрия таъйин карда шуд.
XS
SM
MD
LG