Пайвандҳои дастрасӣ

Пешниҳоди номгузории як деҳа ва мактаб ба хотири Абдулло Назаров


Ҳукумати ноҳияи Ҷилликӯли вилояти Хатлон ба вакилони маҷлиси маҳаллӣ пешниҳод кардааст, ки як русто ва як мактаб ба номи генерал Абдулло Назаров номгузорӣ шавад.

Хабарнигори радиои Озодӣ дар Қурғонтеппа гуфт, ки Маҳмадраҳим Исмоилов раиси ноҳияи Ҷилликӯл, дар як нишасти матбуъотии худ гуфтааст, ки ба хотири эҳтироми хотираи неки Абдулло Назаров ба вакилони Маҷлиси маҳаллӣ пешниҳод кардаанд, ки яке аз як мактабҳо ва яке аз деҳҳо ба номи Абдулло Назаров гузошта шавад.

Абдулло Назаров худ зодаи деҳаи Лоҳутии ҳамин ноҳия буда таҳсилоти ибтидоиро дар мактаби ноҳия хатм кардааст.

Ёдовар мешавем, ки шоми 21 июл генерал Абдулло Назаров дар роҳи бозгашт аз Ишкошим ба Хоруғ мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифта, аз зарби корд кушта шуд.

Ҷасади генерал дар зодгоҳаш, ноҳияи Ҷиликӯл ба хок супурда шуд. Ҳамкорони Абдулло Назаров дар раёсати амнияти вилояти Бадахшон мегӯянд, ки онҳо генерали марҳумро чун шахси ҳирфаӣ ва хоксор мешинохтанд.
XS
SM
MD
LG