Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳокимаи Тимошенко боз таъхир меёбад


Муҳокимаи парвандаи Юлия Тимошенко дар додгоҳи Харков

Муҳокимаи парвандаи Юлия Тимошенко дар додгоҳи Харков

Додгоҳи шаҳри шарқии Харкови Украина бори дигар муҳокимаи собиқ сарвазири ин кишвар Юлия Тимошенкоро ба таъхир гузошт. Тимошенко, ки феълан бо ҷурми сӯиистифода аз мансаб ба муддати ҳафт сол зиндонӣ шудааст, бо сарпечӣ аз андоз муттаҳам мешаванд.
Дар арафаи мукоҳима Тимошенко бо ишора ба вазъи саломатиаш дархост намуд, ки ӯ дар муҳокима иштирок накунад. Вале имрӯз додситонҳо пешниҳод карданд, ки Тимошенко тавассути видео дар муҳокима ширкат варзад. Вакилони мудофиаи Тимошенко пешниҳодро рад карданд.
Додрас Константин Садивский барои омӯхтани ин пешниҳодҳо вақт талаб карду гуфт, ки ҷаласаи навбатӣ 14-уми август доир мешавад. Ба қавли додситонҳо дар солҳои навадуми қарни гузашта ширкати хусусии энергетикии таҳти назорати Тимошенко аз супурдани миллионҳо доллари андоз сарпечӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG