Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конгресси ИМА тавсеаи таҳрими Эронро баҳс кард


 Конгресси ИМА
Конгресси ИМА
Ҳайатҳои музокиракунандаи Сенат ва Маҷлиси Намояндагони Конгресси ИМА дар масъалаи тавсеаи таҳрими Эрон ба мувофиқат расидаанд. Ин даври таҳримҳо бахши энергетика, нақлиёти обӣ ва бахши бимаро дар бар мегирад. Ҳадаф аз таҳрими Эрон бо бунбаст мувоҷеҳ намудани барномаи ҳастаии Теҳрон аст.
Маҷлиси Намояндагон рӯзи чоршанбе тавсеаи таҳрими Эронро ба овоз хоҳад гузошт. Тим Ҷонсон-раиси Кумитаи бонкии Маҷлиси Намояндагони Конгресс, мегӯяд, то замоне, ки Эрон нигарониҳо дар робита барномаи ҳастаияшро аз байн набарад, то замоне, ки таъқиби мардуми худро бас накунад ва то замоне, ки ин кишвар фаъолиятҳои террористиро дастгирӣ мекунад,Теҳрон таҳти фишори бештари иқтисодиву дипломатӣ қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG