Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи "нохуб"-и озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳон


Вазорати умури хориҷии Амрико гузориши тозаи худро дар бораи вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар соли 2011 нашр кард.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, зимни муаррифии гузориш ба зарурати таъкиди мушкилоти озодиҳои динӣ ишора кард ва гуфт, “агар дар маҷмӯъ ба авзоъ бингарем ва аз худ суол кунем, ки фазои озодии виҷон густариш меёбад ё маҳдуд мешавад, посухи гӯшношунидеро мегирем, ки беш аз миллиард нафар дар сартосари олам дар вазъи нақзи пайвастаи озодиҳои мазҳабӣ ба сар мебаранд."

Бар пояи гузориш, таҳаммулнопазирии мазҳабӣ аз муҳимтарин мушкилоти соли гузашта буд. Ба навиштаи муаллифони гузориш, вокуниши ҳукуматҳои Баҳрайн, Ироқ ва Русия ба аъмоли гурӯҳҳои “ифротгаро” боиси боло рафтани таҳаммулнопазирӣ ва маҳдудсозии озодиҳои динӣ шудааст. Ҳамчунин кишварҳои олам назар ба солҳои пеш аз қонунҳои тавҳин ба муқаддасот, тарки мазҳаб ва тӯҳмат бештар истифода кардаанд, ки, аз нигоҳи вазорати умури хориҷии Амрико, озодиҳои диниро маҳдуд месозад.

Ҳилларӣ Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон
Дар гузориш гуфта шудааст, ки дар чанд кишвар - Чин, Эрон, Кореяи Шимолӣ ва Арабистони Саудӣ озодиҳои виҷдон пайваста нақз мешаванд. Муаллифон таъкид кардаанд, ки додгоҳҳои Афғонистон барои муҷозоти афроди ғайримусалмон аз қонуни шариат кор мегиранд. Дар гузориш Покистон барои он интиқод шудааст, ки додгоҳҳояш чанд гумонбар дар тавҳини исломро ба эъдом маҳкум карданд. “Исломобод ҳамчунин ҳамлаҳои ифротгарона ба аққалиятҳои мазҳабиро нодида мегирад”, омадааст дар ин гузориш.

Сюзан Ҷонсон Кук, сафири ИМА дар умури озодиҳои мазҳабӣ, дар як нишасти хабарӣ дар Вошингтон дар ташреҳи гузориши нав, аз ҷумла, гуфт, ки “Русия ва Узбакистон амнияти миллиро ҳамчун баҳонаи маҳдудсозии баъзе гурӯҳҳои осоиштаи динӣ истифода карданд”. Аз нигоҳи ӯ, “ҳукуматҳои дигар ба хотири маҳдудсозии ҳуқуқҳои ҷамъиятҳои динӣ аз қонуни сабти ном кор гирифтанд. Дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла, дар Белорус, Маҷористон ва бархе кишварҳои Осиёи Миёна қонунҳое қабул шудаанд, ки сабти номи гурӯҳҳои мазҳабиро мушкил месозанд ва гурӯҳҳои сабтиномнашуда аз ҳаққи дарёфти кӯмакҳои молиявии давлатӣ, имтиёзҳо дар пардохти андоз маҳрум мемонанд ва ҳаққи соҳиби моликият шуданро надоранд”.

Дар гузориши вазорати умури хориҷии ИМА ба болоравии сатҳи антисемитизм ё маслаки зидди яҳуд, таҳаммулнопазирӣ дар баробари намояндагони аққалиятҳои мазҳабӣ, аз ҷумла, аҳмадиҳо, баҳоиҳо, буддоиҳо ва мусалмонҳои уйғур таъкид шудааст.

Муаллифон рӯи вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистонро ҳам тамаркуз кардаанд. Дар гузориш омадааст, ки дар кишвар 3366 масҷиди панҷвақта ва 345 масҷиди ҷомеъ амал мекунад. Дар Тоҷикистон 75 созмони мазҳабии ғайримусалмонӣ фаъол аст. Ба ҷуз калисои ортодокси рус ҳамчунин ибодатгоҳҳои баптистҳо, католикҳо, протестантҳои кореяӣ, баҳоиҳо фаъоланд. Дар Тоҷикистон тақрибан 300 пайрави дини яҳудӣ ба сар мебаранд, ки ягона канисои онҳо дар маркази шаҳр хароб ва аммо баъдан бинои наве дар ихтиёрашон вогузошта шуд.

Дар гузориш далелҳои нақзи ҳуқуқи диндорон дар Тоҷикистон низ оварда шудааст. Муаллифон бо ишора ба як хабари Асссошиейтед Пресс навиштаанд, ки моҳи январи соли гузашта кормандони полиси шаҳри Душанбе дар амалиёте дар бозорҳои маҳаллӣ 30 марди ришдорро боздошт карданд. Дар Тоҷикистон ягон қонуни маҳдудсозии риш мавҷуд нест ва аммо мансабдорони давлатӣ, муаллимон ва донишҷӯён ҳаққи ришмониро надоранд. Муаллифон ба қазияи футболбози дастаи “Хайр”-и Ваҳдат Парвиз Турсунов ҳам ишора кардаанд, ки ба маҳзи риш монданаш аз сӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон аз ҳаққи ширкат дар бозиҳо маҳрум шуд.
XS
SM
MD
LG