Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолмс расман дар куштор айбдор шуд


Ҷеймс Ҳолмс
Ҷеймс Ҳолмс
Додгоҳе дар аёлати Колорадои ИМА Ҷеймс Ҳолмси 24-соларо расман дар куштор ва сӯиқасд ба ҷони одамон айбдор кард.

Даҳ рӯз пеш Ҳолмс бо силоҳ ба кинотеатри шаҳри Аврора ворид шуда сӯи тамошобинон оташ кушод, ки дар натиҷа 12 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҳолмсро баъд аз чанд дақиқа дар наздикиҳои ҷойи ҳодиса дастгир карданд.

Бори аввал, баъд аз боздошт, Ҳолмс рӯзи 24 июл ба додгоҳ оварда шуд. Он вақт додситони Кэрол Чемберс хостори ҳукми эъдоми Ҳолмс шуда буд. Ба гуфтаи додситон, қавонини аёлат имкон медиҳанд, ки муҷрим маҳкум ба қатл шавад.
XS
SM
MD
LG