Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Девони адолати идории Эрон вазири кор Сайид Муртазавиро аз мақомаш барканор кард.

Ин тасмим дар посух ба аризаи вакилони Маҷлиси Эрон, ки мухолифи раисиҷумҳури Маҳмуди Аҳмадинажоданд, гирифта шуд. Маҳз раисиҷумҳур раҳбарии бахши кор ва таъмини иҷтимоии Эронро бар дӯши Муртазавӣ гузошта буд.

Гуфта мешавад, ки вазири барканоршуда дар ҳалокати чанд маҳбус, аз ҷумла, дар марги аккоси эронинажоди канадагӣ Заҳро Козимӣ даст дорад. Хонум Козимӣ соли 2003 ҳангоми аккосӣ дар канори бинои зиндон боздошт шуд ва дар маҳбас аз олам даргузашт.

Сайид Муртазавӣ дар боздошти чандин дигарандеш ва бастани нашрияҳои ислоҳотталабҳон ҳам нақш доштааст.
XS
SM
MD
LG