Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба корвони мошинҳои раиси нозирони СММ дар Сурия


Бан Ки Мун

Бан Ки Мун

Дар Сурия корвони мошинҳои раиси ҳайати нозирони СММ Бабакар Гайе мавриди ҳамлаи тонкҳои ҳукуматӣ қарор гирифт.

Дар ин бора Дабири кулли СММ Бан Ки Мун дар нишасти хабарӣ дар Ню-Йорк иттилоъ дод ва афзуд, ки дар ин ҳодиса ба касе осеб нарасидааст. Ин дуввумин ҳодисаи ҳамла ба корвони мошинҳои Гайе ва дувоздаҳумин ҳамла ба мошинҳои нозирони СММ аст.

Бабакар Гайе моҳи июл дар мақоми раҳбари ҳайати нозирони СММ дар Сурия генерали норвегӣ Роберт Мудро иваз кард. Мандати нозирони байнулмилалӣ то рӯзи 20 август тамдид шудааст.

Бан Ки Мун бори дигар аз Димишқ хост, ки аз саркӯбии ошӯбгарон даст бардорад.
XS
SM
MD
LG