Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси қазоқ 6 силоҳбадастро ба қатл расондааст


Сокинони осоишта аз макони амалиёти полис дар Алмаато берун мешаванд
Сокинони осоишта аз макони амалиёти полис дар Алмаато берун мешаванд
Полиси Қазоқистон мегӯяд, дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои таъйиноти хоси ин кишвар дар шаҳри Алмаато шаш силоҳбадаст кушта шуданд. Шаш нафари кушташуда бо куштори ду афсари полис муттаҳам мешуданд. Ба қавли мақомоти Қазоқистон онҳо бо ҷурмҳои мухталиф муддати зиёдеро дар зиндон сипарӣ карда буданд. Рӯзи шанбе полики қазоқ гуфта буд, ки дар Алмаато се фарди номаълум як афсари полисро кушта, афсари дувумро шадидан маҷрӯҳ кардаанд. Рӯзи душанбе полис як хонаро иҳота намуда, иброз дошт, ки амалиёти боздошти масъулони ҳамла болои афсарони полис оғоз ёфтааст. Тахминан 130 сокини маҳалла ба макони амн интиқол ёфтанду ҳамла болои хона шурӯъ шуд. Ба қавли ҳамин манбаъ ҳар касе, ки аз таслим худдорӣ намуд, ба қатл расид.
XS
SM
MD
LG