Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Pussy Riot: Хатои "ахлоқӣ" ҷиноят нест


Гурӯҳи ҳунарии Pussy Riot дар курсии айбдоршавандаҳои додгоҳи Маскав
Гурӯҳи ҳунарии Pussy Riot дар курсии айбдоршавандаҳои додгоҳи Маскав
Се узви гурӯҳи ҳунарии Пуси Риот(Pussy Riot) ба додгоҳи Маскав гуфтанд, ки онҳо кадом қонунеро поймол накардаанд. Рӯзи душанбе додрасҳо изҳороти узви гурӯҳ Надежда Толоконниковаро гӯш карданд. Ӯ иброз дошт, ки эҳтимол моҳи феврал онҳо бо ҳунарнамоӣ дар Калисои Исои Наҷотбахш дар нисбати мардуми диндор “беэҳтиромӣ” карда бошанд ва эҳтимол он хатои “ахлоқӣ” бошад, вале ин амал ҷиноят нест. Нафари дигари ин гурӯҳ Екатерина Самусевич гуфт, ин се зан аллакай ҷазои худро гирифтаанд, зеро аз моҳи март ба ин тараф дар зиндон ҳастанд. Агар додгоҳ Толоконникова, Самусевич ва Мария Алёхинаро бо “авбошӣ” муҷрим донад, имкон дорад, онҳо то ҳафт сол аз озодӣ маҳрум шаванд.
XS
SM
MD
LG