Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парламенти украин забони русиро бемақом кард


Бархӯрди вакилони мардумии Украина ҳангоми тасвиби мақоми забони русӣ дар манотиқи русзабонҳои ин кишвар. 24. 05. 2012

Бархӯрди вакилони мардумии Украина ҳангоми тасвиби мақоми забони русӣ дар манотиқи русзабонҳои ин кишвар. 24. 05. 2012

Парламенти Украина қонуни забони ин кишварро, ки дар манотиқи русзабонҳои Украина ба забони русӣ мақоми расмӣ медод, лағв кард. Рӯзи душанбе ҳангоми овоздиҳӣ аз миёни 450 вакили Верховна Рада 257 нафар лағви қонунро дастгирӣ карданд. Вакилон мегӯянд, ин санад баъди бозбинӣ арзёбӣ мешавад. Ҳамчунон вакилон аризаи истеъфои раиси парламент Володимир Литвинро напазируфтанд. Моҳи июл вақте вакилони мардумӣ лоиҳаи санад дар бораи мақоми забони русиро тасвиб намуданд, Литвин ба нишони эътироз аризаи истеъфояшро пешкаш намуд. Қабули санад дар бораи мақоми забони русӣ боиси бархӯрд миёни вакилон дар толори парламент ва эътирозҳои мардумӣ дар Киев ва дигар шаҳрҳои Украина шуда буд.
XS
SM
MD
LG