Пайвандҳои дастрасӣ

ISAF иддаои Покистонро рад кард


Генерал амрикоӣ Ҷон Аллен-фармондеҳи нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон (ISAF)

Генерал амрикоӣ Ҷон Аллен-фармондеҳи нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон (ISAF)

Нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон (ISAF) иддаои Покистон дар мавриди ноком будани ISAF дар ҷилавгирӣ аз рафтуомади ҷангҷӯён дар марзи миёни Афғонистону Покистонро рад кардаанд.
Низомиёни Покистон мегӯянд, ахиран ба нерӯҳои байналмилалии зери раҳбарии паймони НАТО 52 дафъа дар бораи убури ҷангҷӯён аз Покистон ба Афғонистон хабар додааст, вале аз тарафи ISAF ҳеҷ вокунише ба амал наомадааст. ISAF иброз доштааст, ки маълумоти Покистон “нодуруст” аст.
Дар изҳороти ISAF гуфта мешавад, ки ҳамзамон бо гирифтани дархости кумак нерӯҳои зери раҳбарии НАТО ба ҷои ҳодиса фиристода шуда буданд.
XS
SM
MD
LG