Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бархӯрдҳои вазнин дар Ҳалаб идома доранд


Сокинони Ҳалаб шаҳрро тарк мекунанд

Сокинони Ҳалаб шаҳрро тарк мекунанд

Рӯзи душанбе бархӯрдҳои мусаллаҳона миёни нерӯҳои ҳукумат ва ошӯбгарон дар бузургтарин шаҳри Сурия ҷой доштанду ҳар яке аз ҷонибҳо дар бораи пирӯзӣ иттилоъ дод. Ошӯбгарон ҳафтаи гузашта тақрибан нисфи шаҳри Ҳалабро ишғол намуданд. Ҳоло нерӯҳои ҳукуматӣ ба воситаи чархболу ҳавопаймоҳо саъй дорад, ошӯбгаронро аз шаҳри Ҳалаб берун кунад. Ҳукумати Сурия мегӯяд, минтақаи Салоҳуддини Ҳалабро аз ошӯбгарон пок кардааст, вале фаъолони мухолифин исрор меварзанд, ки минтақа ҳамоно таҳти тасаррруфи ошӯбгарон буда, сарфи назар аз талафоти зиёд сарбозони давлатӣ чизе ба даст наовардаанд. Бар пояи маълумоти СММ тахминан 200 ҳазор сокини Ҳалаб аз ҷанг фирор кардаанд.
Вазири мудофиаи ИМА Леон Панетта мегӯяд:
Ба фикрам Ҳалаб боз як намунаи фоҷеабори истифодаи нерӯи беҳадду андозаи режими Асад бар зидди мардуми Сурия аст. Ман гумон дорам, ки агар ин гуна ҳамлаҳои фоҷеабор болои сокинони Ҳалаб идома кунанд, ин худ як мехе дар рӯи тобути Асад хоҳад шуд.”
Дар ҳамин ҳол вазири корҳои хориҷии Фаронса Лоран Фабиус мегӯяд, моҳи оянда Фаронса раҳбарии даврии Шӯрои Амнияти СММ-ро бар дӯш гирифта, таҳқиқи хунрезиҳои Сурияро дар миён хоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG