Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Садамаи роҳи оҳан ҳаёти 8 нафарро аз байн бурд


Дар Полша ё худ Лаҳистон бар асари бархӯрди автобуси хурд бо қатори роҳи оҳан ҳашт нафар ба ҳалокат расиданд. Тахмин мешавад, ки кушташудагон шаҳрвандони Украина будаанд. Ҳодиса бомдоди душанбе дар наздикиҳои яке аз гузаргоҳҳои бидуни назорати роҳаи оҳани канори шаҳри Лодз ба вуқӯъ пайвастааст. Тибқи ахбори расида дар автобуси хурд даҳ нафар: асосан занон ниасшта будаанд ва ду нафари онҳо дар қайди ҳаёт буда, бо ҷароҳатҳои вазнин ба шифохона интиқол ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG