Рӯзи душанбе дар Киев дар як гирдиҳамоии мухолифини ҳукумат Иттиҳоди мухолифини Украина собиқ сарвазири ин кишвар Юлия Тимошенкоро дар рӯйхати номзадҳо барои интихоботи парламентии 28-уми октябр шомил намуд.
Тимошенко бо ҷурми сӯиистифода аз мансаби сарвазир ба муддати ҳафт сол зиндонӣ шудааст. Ҳамчунон муфаттишон Тимошенкоро бо сарпечӣ аз андоз муттаҳам мекунанд. Вале пайравони Тимошенко мегӯянд, ки парвандаҳои ҷиноӣ бар зидди сарвазири собиқи Украина ҷилои сиёсӣ доранд. ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо муҷозоти Тимошенкоро маҳкум кардаанд.