Пайвандҳои дастрасӣ

Раъйпурсӣ оид ба импичменти Басеску ноком шуд


Раъйпурсӣ оид ба импичменти раисиҷумҳури Руминия Траян Басеску ноком шуд. Бар пояи арзёбии Бюрои миллии интихоботӣ, дар ин маърака 46 дар сади афроди соҳиби ҳаққи райъ ширкат доштанд, дар ҳоле, ки бояд дасти кам 50 дар сад пойи қуттиҳои овоздиҳӣ меомаданд.

Траян Басеску, ки ваколаташ аз сӯи парлумони Руминия мутаваққиф шудааст, аз шаҳрвандон хоста буд то аз ширкат дар раъйпурсӣ худдорӣ кунанд. Ӯ аллакай эълом дошт, ки “шаҳрвандони Руминия табаддулотро қабул накарданд”. Кафили мақоми раисиҷумҳур Крин Антонеску баргузории раъйпурсиро “зуҳуроти демократия” номид.

Басеску бар асари талошҳои парлумон, ки дар он бештари курсиҳоро Иттиҳоди сотсиал-демократии нахуствазир Виктор Понта ишғол кардааст, муваққатан аз мақоми раисиҷумҳур барканор шуд.

Мухолифин Басескуро дар он айбдор мекунанд, ки ҳангоми баъзе тасмимгириҳои сиёсӣ берун аз ваколаташ пой гузоштааст.

Агар арзёбии Бюрои миллии интихоботӣ тайид шавад, Басеску то соли 2014, то хатми мӯҳлати президентияш, дар мақоми сарвари Руминия боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG